Таътили серӯзаи Иди Қурбон дар Қазоқистон
Кумитаи дини Қазоқистон аз таътили 3 рӯза дар ин кишвар дар остонаи Иди Қурбон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", рӯзи душанбе, 12 сентябр дар Қазоқистон Иди Қурбон аст ва бар асоси эъломи Кумитаи дини ин кишвар, мардуми Қазоқистон дар рӯзҳои 10, 11 ва 12 сентябр истироҳат хоҳанд дошт.
Қазоқҳо ин идро, ки бо номи "Қурбон оят" маъруф аст, яке аз ҷашнҳои аслии мазҳабӣ ва миллии худ медонанд.
Чунин ба назар мерасад, ки бо гузашти беш аз 24 сол аз истиқлол дар Қазоқистон, ба унвони дуввумин кишвари пурҷамъияти Осиёи Марказӣ, сол ба сол ба ҷойгоҳи Иди Қурбон дар байни мардуми ин кишвар афзуда мешавад.
Давлати Қазоқистон ва ниҳодҳои расмии ин кишвар тадобиреро барои сохт ва тавсеаи масоҷид ва марокизи исломӣ ва тақвияти ҷойгоҳи Ислом дар ин кишвар иҷро ва Иди Фитр ва Қурбонро ба унвони идҳои расмӣ дар тақвими ҷашнҳо ва маросими расмӣ ворид кардаанд.