Май 18, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Кумаки якмиллиарддолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Узбакистон

Бонки Ҷаҳонӣ дар чорчуби кумак ба тавсиаи иқтисодии Узбакистон наздик ба як миллиард доллар ба ин кишвар кумак мекунад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҷим Ён Ким раиси гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон дар мулоқоте дар рӯзи ҳабдаҳуми май дар Вашингтон ба баҳс дар бораи ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодии Узбакистон пардохтанд.

Дар ин нишаст тавофуқе байни давлати Узбакистон ва Бонки Ҷаҳонӣ имзо шуд, ки бар асоси он Бонки Ҷаҳонӣ мутааҳҳид мешавад маблағи 940 миллион доллар аз тариқи сармоягузорӣ дар ихтиёри чаҳор пружаи Узбакистон бигузорад.

Ин пружаҳо ба тавсиаи зерсохтҳо дар заминаи энержӣ, пизишкӣ ва кишоварзӣ мепардозанд.

Ин маблағ бахше аз тавофуқи 2.8 миллиарддолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз пружаҳои ҳамлу нақл, омӯзиш, кишоварзӣ ва обу пасоб аст.

Раиси гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар дидор бо раиси ҷумҳурии Узбакистон ҳамчунин ризояти худро аз суръати рушди иқтисодӣ дар ин кишвар эълом кард ва гуфт, гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо фароҳам кардан мушовираҳои тахассусӣ ва кумакҳои молӣ, аз барномаҳои тавсиа дар Узбакистон ҳимоят мекунад.