Мувофиқати раисҷумҳури Туркманистон барои эъзоми 153 зоир ба ҳаҷ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i36921-Мувофиқати_раисҷумҳури_Туркманистон_барои_эъзоми_153_зоир_ба_ҳаҷ
Раисҷумҳури Туркманистон бо эъзоми 153 зоири ин кишвар ба Маккаи мукаррама барои ширкат дар маросими ҳаҷи имсол мувофиқат кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 26, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати раисҷумҳури Туркманистон барои эъзоми 153 зоир ба ҳаҷ

Раисҷумҳури Туркманистон бо эъзоми 153 зоири ин кишвар ба Маккаи мукаррама барои ширкат дар маросими ҳаҷи имсол мувофиқат кард.

Қурбонгулӣ бердиМуҳаммадов дар дастури худ ширкати миллии ҳавопаймоии Туркманистонро муваззаф кардааст, як фарванд ҳавопаймои Боинг 737-ро барои рафту баргашти зоирони Туркманистони ба Арабистон ихтисос диҳад.  

Давлати Туркманистон тамоми ҳазинаҳои рафту баргашт ва хадамоти пизишкии зоирони ин кишвар ба хонаи Худоро бар уҳда гирифтааст.