Маҳрум шудани раисиҷумҳури Қирғизистон аз ҳаққи дифои додситонӣ
(last modified Sun, 21 Oct 2018 05:22:54 GMT )
Октябр 21, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Маҳрум шудани раисиҷумҳури Қирғизистон аз ҳаққи дифои додситонӣ

Қонуни асосии Қирғизистон, раисони ҷумҳурии ин кишварро аз ҳаққи дифои додситонӣ маҳрум кард.

Бар асоси тағйирот дар Қонуни асосии Қирғизистон, чунончӣ раисиҷумҳури ин кишвар дар мизони иттиҳом қарор бигирад, бояд монанди як шаҳрванди оддӣ, шахсан ба додгоҳ шикоят кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба расвоиҳои ахир дар вазорати умури хориҷаи Қирғизистон, пешбинии анҷоми бархе тағйирот дар қавонини дохилии ин кишвар дӯр аз интизор набуд.

Бо вуҷуди ихтилос ва ришва дар ниҳодҳои идорӣ ва давлатии Қирғизистон ва дар сатҳҳои мухталиф мақомҳои давлати Бишкек, шаке нест, ки Қирғизистон яке аз демократитарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Бархе ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар пеш аз ин, аз Қирғизистон бо унвони босуботтарин кишвари ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аз лиҳози бархурдорӣ аз демократия ном бурдаанд.

Ба ҳар ҳол, талош барои муҳокимаи раисиҷумҳури Қирғизистон ва табъиз қоил нашудан барои шахси раисиҷумҳур дар қуваи қазоияи ин кишвари Осиёи Марказӣ, аз намунаҳои бархурдории ин кишвар аз демократия қаламдод мешавад.

Дар ин замина, бархе аз таҳлилгарони қирғиз, мусаввабаи ахирро ба раисони ҷумҳурии собиқи Қирғизистон муртабит донистаанд. Ин идда аз таҳлилгарон  мӯътақиданд, идеаи лағви масуният алайҳи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон аст, ки мумкин аст, масъулияти парвандаи фасод дар нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек ба самти вай, суқ(кашонда) дода шавад.

Як намояндаи Маҷлиси миллии Қирғизистон ва вакили мудофеи яке аз муттаҳамони парвандаи неругоҳи ҳароратӣ, Сафар Исҳоқов, нахуствазири собиқ аст, ки "дасти рост"-и Отамбоев дарназар гирифта мешуд.

Ин намояндаи Маҷлиси миллии Қирғизистон дар идомаи изҳороти худ гуфт, алоқае ба канкош дар иштибоҳоти давлати қаблӣ надорад, чаро ки ба эътиқоди вай, имрӯз ҳеч чизе дар ин кишвар тағйир накардааст.

Вай дар бораи тағйирот дар Қонуни асосии Қирғизистон ва маҳрумияти раисони ҷумҳурии ин кишвар аз ҳаққи дифои додситонӣ, гуфт, ин мавзӯъ, ибтикоре аст, ки ба таври қатъ на ба раисиҷумҳури собиқ, балкӣ ба раиси ҷумҳури феълӣ марбут мешавад.

Гуфта мешавад, бар асоси мусаввабаи чолиш барангези Маҷлиси миллии Қирғизистон, раисиҷумҳури феълии ин кишвар ба шиддат таҳти фишор қарор хоҳад гирифт бавижа, ки ҳафтаи гузашта , Келичбек Султон (kilich beek sultan), сафири Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ ба далели ифшои фасод дар вазорати умури хориҷаи ин кишвар, аз симати худ барканор шудааст.

Ин дипломати қирғиз, бо интишори матлабе дар сафҳаи шахсии худ дар Фейсбук, таъкид кард:"Пеш аз ташкили парвандаи қазоӣ, бояд бозрасиҳои баландмуддат ва дақиқе сурат бигирад ва тамоми ин иқдомот дар сафоратхонҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафорати Қирғизистон дар Бишкек, ба дастури шахси раисиҷумҳури феълӣ, сурат гирифтааст".

Дар ҳақиқат, ин дипломати қирғиз ҳафтаи гузашта бо ифшои хариди бархе автомобилҳои саворӣ барои афроди баландпоя ва хонаводаҳояшон дар давлати Жээнбеков, иддао карда буд, тамоми ин иқдомот ба дастури мақомҳои давлати Бишкек бавижа шахси раисиҷумҳури анҷом мешавад, аммо оқои Жээнбеков талош мекунад, номи худро аз ин ҷараёнҳои нодуруст ва номатлуб ҳазф намояд.

Дар ин замина, вазорати умури хориҷа беҳтарин ниҳоди давлатии Қирғизистон аст, то аз тариқи сафоратхонаҳо амалиёти ихтилос ва ё дарёфти ришва дар дастуркори қарор гирад, лизо дар ин шароит метавон гуфт, иқдоми Маҷлиси миллии Қирғизистон метавонад, зидди давлати Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон мавриди истифода қарор бигирад.