Ноябр 15, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди раисиҷумҳури Қазоқистон: Ташкили Созмони амният ва ҳамкории Осиё

Раисиҷумҳури Қазоқистон пешниҳоди ташкили Созмони амният ва ҳамкории Осиёро ба кишварҳои осиёӣ дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев дар нишасте дар Остона, пойтахти Қазоқистон пешниҳоди ташкили як созмони байналмилалӣ назири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро(САҲА) дар Осиё матраҳ кард.

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, ташкили Созмони амният ва ҳамкории Осиё гоме муҳим ва мантиқӣ барои кишварҳои осиёӣ аст.

Қазоқистон ҳам акнун дар Созмони Паймон Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони Ҳамкории Шанхай, Конфронси таомул ва эътимодсозии Осиё узв аст.

 

Барчасп