Таъкиди Қазоқистон бар зарурати иҷрои БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i40159-Таъкиди_Қазоқистон_бар_зарурати_иҷрои_БАРҶОМ
Намояндаи доими Қазоқистон дар Созмони Милал Муттаҳид эълом кард, иҷрои БАРҶОМ барои тақвияти амният ва суботи минтақаи Ховари Миёна зарурӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 13, 2018 15:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қазоқистон бар зарурати иҷрои БАРҶОМ

Намояндаи доими Қазоқистон дар Созмони Милал Муттаҳид эълом кард, иҷрои БАРҶОМ барои тақвияти амният ва суботи минтақаи Ховари Миёна зарурӣ аст.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбе хабаргузории Форс, Ғайрат Умаров, намояндаи доими Қазоқистон дар СММ дар нишасти ахири Шӯрои амният ин созмон гуфт, Остона ба ҳимояти худ аз БАРҶОМ идома медиҳад ва бар лузуми иҷрои комили бандҳои он аз сӯи ҳамаи тарафҳо таъкид дорад.

Умаров бо ишора ба паёми Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба Шӯрои амнияти СММ бар нақши муҳимми БАРҶОМ дар ҳифзи сулҳу суботи Ховари Миёна афзуд, бо БАРҶОМ фурсатҳои ҷадиде барои густариши ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ фароҳам шудааст.

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои амнияти СММ барои баррасии шашумин гузориши Антониу Гутерреш, дабири кулли ин созмон дар бораи иҷрои қатъномаи 2231 муддаӣ шуд, фаъолитҳои мушакии Эрон аз контрол хориҷ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки аъзои аврупоии Шӯрои амнияти СММ дар бёнияе бо эъломи ин ки Эрон ба тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ пойбанд будааст, таъкид карданд, Иттиҳоди Аврупо низ комилан мутааҳҳид ба иҷрои ин тавофуқ аст.

Қатъномаи 2231 дар соли 2015 ва дар пайи имзои БАРҶОМ, бо иҷмои 15 узви Шӯрои амният тасвиб шуд.

Дар ин қатънома, БАРҶОМ ба таври қавӣ мавриди таъйид қарор гирифтааст ва қатъномаҳои зиддиэронии пешини Шӯрои амният ба мӯҷиби он лағв шуд.