Декабр 31, 2018 11:21 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ба қаиқи озарбойҷонӣ дар дарёи Хазар ҳамла кард

Бар асари тирандозии Горди соҳилии Қазоқистон алайҳи қаиқи озарбойҷонӣ, як шаҳрванди озарбойҷонӣ маҷрӯҳ ва барои мудово ба бемористон мунтақил шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон эълом кард, ки Горди соҳилии ин кишвар шаби гузашта (28 декабр) як қаиқи озарбойҷониро, ки машғули сайди ғайриқонунии моҳӣ буд, ҳадафи тирандозӣ қарор дод ва як шаҳрванди озарбойҷониро маҷрӯҳ кард.

Ин ҳодиса шаб 28 декабр дар обҳои сарзаминии Қазоқистон рӯй дод.

Қаиқи озарбойҷонӣ ҳомили 4 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар буд.

Аз қаиқ тавқифшудаи озарбойҷонӣ, 40 адад моҳии ховиёр (икра), 10 ҷаъба қулоб(шаст)-и моҳигирии ғайриқонунӣ ва васоили иртибототи моҳвораӣ ва новбарӣ кашф шудааст.

Давлати Қазоқистон алайҳи авомили қаиқи озарбойҷонӣ ба иллати вуруди ғайриқонунӣ ба обҳои ин кишвар, эъломи ҷурм ва мароҳили қонунии муҷозоти афроди боздоштшударо оғоз кардааст.

 

Барчасп