Март 25, 2019 15:36 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири пешини Қазоқистон раиси дафтари раёсатҷумҳурӣ шуд

Раисҷумҳури ҷадиди Қазоқистон Бахитҷон Сагинтаев - нахуствазири пешини ин кишварро ба унвони раиси дафтари раёсатҷумҳурии худ таъйин кард.

Ба гузориши ИРНА, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ҷадиди муваққати Қазоқистон рӯзи якшанбе Бахитҷон Сагинтаевро ба унвони раиси дафтари раёсатҷумҳурии худ таъйин кард.

Бар асоси ин гузориш, ба эҳтимоли зиёд ин таъйинотро Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури мустаъфии Қазоқистон таъйид кардааст.

Назарбоев, ки ҳанӯз ҳам ба унвони раиси Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон аз қудрати қобили таваҷҷуҳе дар ин кишвар бархурдор аст, бо вуҷуди истеъфои худ аз раёсати ҷумҳурӣ, аз саҳнаи сиёсии Қазоқистон хориҷ нашудааст.

Нурсултон Назарбоеви 79 сола, раисҷумҳури Қазоқистон пас аз ҳудуди се даҳаи қудрат, рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта истеъфо дод.

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси сенати Қазоқистон низ рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта ба унвони раисҷумҳури нави муваққати ин кишвар савганд ёд кард ва то поёни давраи иҷроии Нурсултон Назарбоев, яъне то апрели соли 2020, ба унвони раисҷумҳури муваққат ба кори худ идома хоҳад дод.

 

Барчасп