Муқовимати донишомӯзони муҳаҷҷаба дар Қазоқистон муқобили мутолиботи зиддидинӣ
(last modified Fri, 19 Apr 2019 15:06:08 GMT )
Апрел 19, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Муқовимати донишомӯзони муҳаҷҷаба дар Қазоқистон муқобили мутолиботи зиддидинӣ

Гурӯҳе аз донишомӯзони ҳиҷобдор дар ҷануби Қазоқистон дар баробари мутолиботи зиддидинии мудирияти мактабашон ҳамчунон муқовимат мекунанд.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, ин донишомӯзон аз моҳи январ ба ин сӯ аз рафтан ба мактаби худ дар рустои Фирдавсии вилояти Туркистон, ҷануби Қазоқистон худдорӣ кардаанд. Волидайни ин донишомӯзон, ки тоҷик ҳастанд, гуфтаанд, то замоне ки мудирияти мактаб нигаҳбононашро ба далели бадрафторӣ дар қиболи фарзандони муҳаҷҷабаашон муҷозот накунад, аз ҳузури онон дар мактаб ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Жанар Мамаева, мудири мактаб иллати худдории ин донишомӯзон аз ҳузур дар мактабро пойбандии хонаводаҳои онон ба ҳиҷоби исломӣ унвон кардааст.

Қаблан дар интернет филмҳое мунташир шуда буд, ки саҳнаҳое аз бадрафтории мудири ин мактакби рустоӣ ва пулиси маҳаллиро бо донишомӯзони муҳаҷҷаба ва пофишории ин донишомӯзону волидайнашон бар ҳифзи ҳиҷобро нишон медод.