Май 28, 2019 10:17 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Русия ба Узбакистон сафар мекунад

Нахуствазири Русия чаҳоршанбеи ҳафтаи равон дар раъси як ҳайъат аз мақомоти баландпояи ин кишвар ба Тошканд пойтахти Узбакистон сафар мекунад

Ба гузориши Форс, бар асоси ин гузориш Димитри Медведев дар таърихи 30 моҳи май дар чорчуби нишасти сарони ду кишвар бо Абдуллоҳ Орифов нахустваризи Узбакистон дидор хоҳад кард.

Тибқи барнома дар нахустин ҷаласаи Камиссиони муштараки сарони Русия ва Узбакистон Шавкат Мирзиоев раиси ҷумҳури ин кишвар низ ҳузур хоҳад дошт.

Дар ин нишаст тайфи васиъе аз мавзӯоти муҳим дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи тиҷорат, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ мавриди баҳс қарор мегирад.

Дар ин дидор ҳамчунин дар мавриди иҷрои прожаҳои муштарак дар бахши энержӣ, саноат, ҳамлу нақл, фанновариҳои пешрафта ва кишоварзӣ баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар чорчуби ин дидор асноди ҳамкории муштарак ба имзо хоҳад расид.