Июн 10, 2019 11:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қазоқистон ва Узбакистон бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Раиси Маҷлиси сенати Қазоқистон дар дидор бо раиси ҷумҳур ва раиси Маҷлиси миллии Узбакистон бар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ба вижа умури иқтисодӣ ва бозаргонӣ таъкид кард.

Дар дидори Нурлан Негматолин раиси Маҷлиси сенати Қазоқистон бо Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон дар шаҳри Тошканд масоили ҷории ду кишвар ва минтақа ва ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкорҳо миёни маҷолиси миллии Қазоқистон ва Узбаикстон баррасӣ шуд. Раиси ҷумҳури Узбакистон дар ин дидори сафари ҳайъати парлумонии Қазоқистон ба Тошкандро нишонаи таҳкими равобити дустӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарокати роҳбурдӣ байни ду кишвари бародар баршуморд.

Сафари раиси Маҷлиси сенати Қазоқистон ба Узбакистон дар шароите анҷом шудааст, ки рӯзи якшанбе нуҳуми июн интихоботи зудҳангоми раёсат ҷумҳурӣ дар Қазоқистон баргузор шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин амр бояд гуфт, сафари Нурлон Негматолин ба Тошканд нишондиҳандаи итминони раҳбарони Нурсултон ба қудрати сиёсӣ дар Қазоқистон аст. Дар айни ҳол, сафари раиси Маҷлиси сенати Қазоқистон ба Тошканд нишон медиҳад, ки раҳбарони Нурсултон ҳамчунон ба унвони як рақиби қудратманд ва дерина ба Узбакистон менигаранд. Қазоқистон бузургтарин ва Узбакистон пурҷамъияттарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ  ҳастанд. Таи солҳои ахир раҳбарони ҳар ду кишвар дар рақобатҳои минтақаӣ барои раҳбарии кишварҳои Осиёи Марказӣ даргир буданд, аммо ба назар мерасад ин рақобатҳо ба поёни худ наздик мешавад.

Ба рағми рақобатҳои Узбакистон ва Қазоқистон барои раҳбарии кишварҳои Осиёи Марказӣ ин ҳақиқатро набояд нодида гирифт, ки Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳоли бозсозии сохторҳои қувваи муҷрия аст. Ба ҳамин далел дар шароити рақобат бо Қазоқистон қарор надорад. Бо вуҷуди ин дар муқоиса бо Қазоқистон, Узбакистон таомули мусбаттаре бо дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ бар қарор кардааст. Ба ҳамин далел аст, ки Сергей  Саолов коршиноси масоили Осиёи Марказӣ бо ишора ба мувафақиятҳое, ки токунун давлати нави Узбакистон ба раҳбарии Шавкат Мирзиёев ба даст оварда муътақид аст, дар давлати нави Тошканд ҳамаи тағйирот нарм ва бо муваффақият анҷом шуда ва акнун бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон, Нурсултон ва Тошканд саъй доранд раҳбарии минтақаро ба даст бигиранд.

Ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон бо доштани беш аз ду ҳазор километр марзи муштарак кори таъин ва аломатгузории марзҳои худро дар соли 2003 ва анҷоми умури корҳои саҳроӣ дар ин иртиботро аз аввали моҳи апрели соли 2004 оғоз кардаанд. Аммо ҳар бор анҷоми ин умур ба далели мушкилоти фаннӣ мутаваққиф мешуд. Ба гунае, ки пас аз сипарӣ шудани наздик ба якуним даҳа аз таъин ва аломатгузории марзҳои фимобайн Камиссиони муштараки марзии ду кишвар ҳамчунон дар паи ба ҳадиақал расондани ихтилофҳо ва тасҳил дар анҷоми умури аломатгузории марзӣ аст.

Қазоқистон ба Узбакистон нафт ва фаровардаҳои  нафтӣ, маводи маъданӣ ва ғизоӣ содир ва аз Узбакистон гази табиӣ, барқ, алёфи пахта, лавозими барқӣ ва мева ва сабзавот ворид мекунад. Мизони содирот ва воридоти ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон дар соли 2015 ба се миллиард доллар болиғ гашт. Дар соли 2018 низ мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст. Ин омор нишон медиҳад, ки зарфиятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Узбакистон ва Қазоқистон ба мизони зиёде фароҳам аст.