Таъкиди раисҷумҳурҳои Туркманистону Русия бар густариши ҳамкории ду кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i44535-Таъкиди_раисҷумҳурҳои_Туркманистону_Русия_бар_густариши_ҳамкории_ду_кишвар
Раисони ҷумҳурии Туркманистону Русия бар густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 18, 2019 13:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳурҳои Туркманистону Русия бар густариши ҳамкории ду кишвар

Раисони ҷумҳурии Туркманистону Русия бар густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории “Форс”, Қурбонигули Бердимуҳаммадов ва Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонии худ бар тавсеаи мушорикати дуҷониба ва баландмуддат аз тариқи тақвияти бистари ҳуқуқии равобит таъкид карданд. Тарафайн ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодиро бо тавваҷуҳ ба сафари ояндаи Бердимуҳаммадов ба Тотористони Русия ва тақвияти равобити байни устонҳои ду кишвар баррасӣ карданд.

Раисҷумҳури Туркманистон қарор аст, 23 июни соли ҷорӣ ба Тотористони Русия сафар кунад. Дидор бо Рустам Миннихонов, раисҷумҳури Тотористон, боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва табодули таҷриба дар ҳавзаҳои мухталиф аз меҳварҳои аслии ин сафар аст.