Июн 25, 2019 15:43 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи раисони ҷумҳурии қаблӣ ва феълии Қирғизистон дар фазои маҷозӣ

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар бораи интишори иттилооти ҷанҷолии ғайривоқеӣ ва таҳриккунанда дар фазои маҷозӣ ҳушдор дод.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 24 –уми июн бо интишори иттилоияе расмӣ эълом кард, матолиби ҷанҷолӣ бо ҳадафи ташдиди вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар мунташир мешаванд ва афроде, ки ин иттилоотро мунташир мекунанд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар ин иттилоия ҳамчунин омадааст: Иқдомоте, ки дар фазои маҷозӣ барои ташдиди ихтилофҳо анҷом шаванд, бар асоси қонунҳои Қирғизистон ба унвони ҷиноят маҳсуб шуда ва омилони он танбеҳ хоҳанд шуд.

Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки фазои маҷозӣ бо ҳудуди чаҳор миллиард узв, дар ҷавомеи инсонӣ дорои чунон қобилияте гашта, ки таъсироти ба маротиб бештаре аз фазои физикӣ дар зиндагии башар ёфта ва ба арсаи муҳиме барои рақобатҳои сиёсии бозигарони сиёсии кишварҳо ва дар сатҳи байналмилалӣ ва тасвияҳисобҳои давлатҳо табдил шудааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ дорои вижагиҳои муҳиме назири фарогирӣ, фарозамонӣ, фаромаконӣ ва чандрасонаӣ будан ҳастанд.

Ба ҳамин далел ва дар шароити ҷорӣ, талоши давлатҳои ғарбӣ, алалхусус Амрико ба манзури тағйири давлатҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бар касе пӯшида нест. Ин дар ҳолест, ки тайи ҳафтаҳои ахир бо ташдиди танишҳо миёни Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқ ва Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури феълии Қирғизистон, корбароне бо ҳувияти номаълум ва номушаххас дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ба ин ихтилофҳо доман зада ва ба интишори матолиби ғайривоқеӣ иқдом кардаанд.

Манобеи огоҳ аз талошҳои густурдаи Ғарб, ба вижа Амрико ба манзури фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қирғизистон хабар додаанд. Дар ҳамин замина,  Март Сориев, коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон дар гуфтгӯ бо хабаргузории “Форс” бо ишора ба рушди таҷаммуъҳои зиддичинӣ дар Бишкек гуфт: “Доман задан ба эҳсосоти русияҳаросӣ ва чинҳаросӣ аз як марказ мудирият мешаванд”.

Ин коршиноси қирғиз ҳамчунин тасреҳ кард: “Таҳаввулоти ахир дар кишвар иртиботи мустақими бо тазоди нухбагони сиёсии дохилӣ, аз ҷумла муқобилаи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқ ва Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури феълӣ дорад ва дар ин миён шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳрики мардум барои ширкат дар таҷаммуъҳои эътирозии мухталиф пардохтаанд”.

Ба гуфтаи Март Сориев, аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бисёре маворид барои сарнагунии давлатҳо истифода шуд ва дар ҳоли ҳозир садҳо шаҳрванди қирғиз аз тариқи паёмҳои интернетӣ ба ҳузур дар таҷаммуъҳо даъват мешаванд ва бо мурури замон теъдоди эътирозкунандагон низ рӯ ба афзоиш хоҳад дошт.

Бо таваҷҷуҳ ба ташдиди ихтилофи руасои ҷумҳурии қаблӣ ва феълии Қирғизистон тайи моҳҳои ахир ва талоши Сооронбой Жеенбеков барои тахриби қонунии Отамбоев, ба назар мерасад фазои муносиб барои овозапарокании авомили Ғарб, ба вижа Амрико ба манзури таҳаққуқи аҳдоф ва хостаҳои номашруи ин кишвари султагар дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон беш аз ҳар замони дигаре фароҳам шудааст.

 

Барчасп