Июл 07, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Ба хушунат кашида шудани тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Қазоқистон

Полиси Қазоқистон бо ҳамла ба тазоҳуроти зидди давлатӣ дар шаҳри Алма-Ато-и ин кишвар даҳҳо нафар аз муътаризонро боздошт кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, мақомоти Қазоқистон пеш аз ин ҳушдор дода буданд, ки ин таҷаммуъҳои барномарезишуда ғайри қонунӣ аст ва мақомот бо онҳо бархурд хоҳанд кард.

Хабаргузории Интерфакс низ аз боздошти даҳҳо нафар дар тазоҳуроти зидди давлатӣ рӯзи шанбе дар Нурсултон пойтахти Қазоқистон, Чимканд, Қароғандӣ ва Орал хабар дод.

Аз замони истеъфои Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон дар 20 марти гузашта, шаҳрҳои мухталифи ин кишвар шоҳиди тазоҳуроти зидди давлатӣ аст.

Пас аз истеъфои ғайри мунтазираи Нурсултон Назарбоев аз маснади қудрат Қосим Ҷомарт Токаев бо касби беш аз 70 дарсади оро раиси ҷумҳури ин кишвар шуд.

Барчасп