Август 07, 2019 20:29 Asia/Dushanbe
  • Манзили раисҷумҳури пешини Қирғизистон дар муҳосираи нерӯҳои вижа

Нерӯҳои вижаи Қирғизистон манзили Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури қаблии Қирғизистонро муҳосира кардаанд.

Расонаҳои Қирғизистон гузориш доданд, имрӯз, 7-уми август, дар пайи ҳамлаи нерӯҳои вижаи қирғиз ба манзили Алмосбек Отамбоев ба рустои Кой-Тош ва муқовимати ҷонибдорони раисҷумҳури қаблӣ бо ин нерӯҳо, задухурд миёни онҳо сурат гирифтааст.

Бар асари муқовимати ҷонибдорони Отамбоев бо нерӯҳои вижаи Қирғизистон, теъдоде захмӣ шудаанд. Аида Ҷумашева, хабарнигори хабаргузории “24kg” бар асари шиллики тири резинӣ захм бардоштааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи муҳосираи манзили Отамбоев аз суи нерӯҳои вижа маълум нест. Расонаҳо ба нақл аз манобеи худ мавзӯи бозпурсӣ ва ё боздошти Отамбоевро матраҳ кардаанд. Қаблан Отамбоев се маротиба барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шуд, аммо аз рафтан ба он ҷо сарпечӣ кард. Вакили мудофеи Алмосбек Отамбоев бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки ба суоли бозпурсҳо ба таври мактуб посух хоҳад дод.

Парлумони Қирғизистон 27 –уми июни соли ҷорӣ масуният ё дахлнопазирии Отамбоев ба унвони раисҷумҳуриро лағв кард ва бар ин асос дигар барои бозпурсӣ ва боздошти раисҷумҳури қаблии Қирғизистон монеа вуҷуд надорад. Алмосбек Отамбоев дар парвандаи Азиз Ботукаев дар соли 2013 ба унвони шоҳид муаррифӣ шудааст.

Отамбоев пас аз муноқишаҳои ахир бо давлатмардони қирғиз, рӯзи 24 июл бо даъвати мақомоти рус ба Русия сафар ва бо Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар дидор кард. Путин дар ин дидор ба Отамбоев тавсия додааст, ки дар шароити кунунӣ ҳамаи қирғизҳо бояд дар атрофи раисҷумҳури Қирғизистон ҷамъ шаванд, зеро Қирғизистон ба суботи сиёсӣ ниёз дорад.

Отамбоев гуфт, ки Путин нигарон аст, ки дар Қирғизистон инқилоби дигаре рух надиҳад, вале Отамбоев дар тавзеҳи ин суханони раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки инқилобро ҳамеша ҳукуматҳо анҷом медиҳанд ва мардум аз ноилоҷӣ ба хиёбонҳо мебароянд.

 

Барчасп