Сентябр 16, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Масҷиде дар Қазоқистон, ки дар сохти он аз мех истифода нашудааст

Масҷиде дар Қазоқистон, ки дар сохти он аз мех истифода нашудааст

Масҷиди бостонии Ҷорканд дар Қазоқистон, ки барои сохти он аз мех истифода нашудааст, таваҷҷуҳи зиёдеро аз сӯи гардишгарони хориҷӣ ва дохилӣ ба худ ҷалб кардааст.

Дар ҳоле, ки беш аз 600 маркази мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ дар нақшаи осори бостонӣ ва муқаддаси кишвари Қазоқистон ба сабт расидаанд ва танҳо 58 минтақа дар минтақаи Алмаато вуҷуд доранд ва гардишгарони зиёде аз ин амокин боздид мекунанд, масҷиди Ҷорканд дар Қазоқистон яке аз пурбоздидтарин маконҳо барои гардишгарон ва боздидкунандагони хориҷӣ ба ҳисоб меояд.

Соли гузашта беш аз 3700 нафар аз ин масҷид боздид карданд ва ин бинои бошукӯҳ сохташудаи дар қарни 19 милодӣ, сабаби ҷалби таваҷҷуҳи ҳар ду гурӯҳи гардишгарони маҳаллӣ ва хориҷӣ шудааст.

Мардум бештар аз Полша ва кишварҳои дигар ба инҷо меоянд. Гардишгарон мегӯянд, ки онҳо дар мавриди амокини муқаддас аз тариқи дӯстон ва наздиконашон, ки қаблан дар инҷо будаанд шунидаанд.

Бинои ин масҷид аз замони таъсиси Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ барои аҳдофи мухталиф маврид истифода қарор гирифтааст. Қаблан анбор, анбори ғизо ва подгон барои марзбонон буда ва 70 сол пеш мутолиае дар робита бо ин масҷид анҷом шудааст. Дар натиҷа, сохтумони таърихӣ таҳти ҳимояти иёлтӣ қарор гирифта ва ба шакли як масҷиди бостонӣ аз он ҳифозат шудааст.

Шокрот Корбонов, муовини фармондори ноҳияи Понфилови минтақаи Алмаато дар бораи бинои масҷиди таърихии Ҷорканд гуфт, ин сохтумон мунҳасир бафард аст, зеро аз як мех барои сохти он истифода нашудааст. Вай гуфт, мо тайи шаш моҳи гузашта 77 миллион танга (воҳиди пули Қазоқистон) аз гардишгарии инҷо ба даст овардаем. Аксари гардишгарон барои дидани масҷид омадаанд. Онҳо ҳамчунин аз дарахти муқаддас дидан мекунанд.

 

Барчасп