Дидори раисони порлумонҳои Қазоқистон ва Русия
Раиси порлумони Қазоқистон ва раиси Думаи давлатии Русия дар шаҳри Нурсултон дидору масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд .
Нурлан Негматуллин-раиси маҷлиси порлумони Қазоқистон ва Вяочеслав Володин,раиси Думаи давлатии Русия дар шаҳри Нурсултон дидору гуфтугу карданд .
Ба гузориши Садоии Хуросон ба нақл аз ИРНА ,тарафҳо дар ҷараёни ин мулоқот ба моҳияти стротежики равобит миёни ду кишвар, ки ба лутфи сарони Қазоқистону Русия дар ҳоли тавсеъа қарор дорад , ишора карданд .
Тарафҳо таи ин дидор дар хусуси барномаҳои ояндае, ки намояндагони порлумони ду кишвар дар он ширкат мекунанд табодули назару ибрози итминон карданд, ки дар чаҳорумин нишасти раисони маҷлисҳои Авруосиё таҳти унвони « Авруосиёи бузург , гуфтугу , эътимод , мушорикат, табодули судманди афкор дар заминаи таъмини амнияту тавсеъаи пойдори қорраи Авруосиё сурат мегирад .
Дар ҳамин ҳол тарафайн бар ҷанбаи бесобиқаи ҳамоиши ояндаи руасойаи порлумонҳои Авруосиёӣ ҳам аз назари теъдоди ширкаткунандагону ҳам аз назари алоқамандии кишварҳои ширкаткунанда , таъкид карданд .
Бинобар суханони Негматуллин дар нишасти раисони порлумонҳои кишварҳои Авруосиё дар Нурсултон ҳайатҳои 65 кишвар ва 14 созмони байналмиллалӣ ширкат мекунанд, ки баёнгари аҳамияти он аст .
Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳамакнун аз кишварҳои Русия , Беларус , Қазоқистон , Қирғизистон ва Арманистон ташкил шуда аст