Тақвияти ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва ғарбӣ дар ҳавзаи энержӣ
Бонки Рушди Осиё дар гузорише аз имзои баёнияи торихӣ байни 9 кишвар дар Осиёи Марказӣ ва ғарбӣ барои суръат додани ҳамкориҳои фаромарзӣ дар заминаи энержӣ хабар дод.
Бинобар ин гузориш, имзои ин санад минтақаи мазкурро як гоми дигар ба эҷоди бозори минтақаии энержӣ наздиктар мекунад.
Ба гузориши “Форс”, баёнияи мазкур дар поёни нишасти вузарои энержӣ дар чорчӯби барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба мизбонии Ӯзбакистон дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ба имзо расид.
Дар поёни ин нишаст вузарои энержӣ ва мақомоти баландпояи кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баёнияе муташаккил аз 10 бандро имзо ва дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои энержӣ миёни кишварҳои худ тавофуқ карданд.
Дар чорчӯби ин нишаст вузарои энержии Осиёи марказӣ ва ғарбӣ аввалин бор барои баррасии мушкилоти муштараки минтақаӣ дар заминаи энержӣ гирдиҳам омаданд.
Баёнияи мазкур ин минтақаро ба масири ислоҳот барои эҷоди бозорҳои озоди энержӣ бо ширкати густардаи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, густариши иртиботот ва мубодилаи таҷриба миёни кишварҳо дар ҳавзаи энержӣ ва талоши қатъӣ барои истифода аз манобеи таҷдидпазири энержӣ ва фанновариҳои сабз савқ медиҳад.
Вазирони энержии кишварҳои мазкур дар чорчӯби барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ барои 10 соли оянда, стратегияи ҷадиди ин барномаро таъйид карданд.