Октябр 08, 2019 22:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳури Қазоқистон бар нақши Русия дар Осиёи Марказӣ

Раисҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Валдай, ҳузури Русия дар Осиёи Марказиро муҳим ва ҳаётӣ хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қосим Ҷомарт Токаев дар суханронии худ дар нишасти Валдайи Русия гуфт, Русия бояд дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши раҳбарӣ ифо кунад, зеро дар тӯли таърих бахше аз як фазои геополотикии воҳид буданд.

Вай дар бахши дигаре ба мавзӯи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ишора кард ва гуфт, Қазоқистон қасди ҳамкории созанда дар чорчӯби ин иттиҳодияро дорад, ки дар ҳоли табдил шудан ба як созмони иқтисодии муътабар аст.

Раисҷумҳури Қазоқистон густариши шабакаи шарикони тиҷории Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё аз Сингапур то Сербистонро нишонаи боризи ин амр хонд.