Таъкиди Раҳмон ва Бердимуҳаммадов бар ҳалли мушкилот дар равобити Душанбе - Ашқобод
Руасои Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Туркманистон дар дидор бо якдигар дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои мустақили ҳамсуд дар Ашқобод, Вазорати хориҷаи ду кишварро муваззаф карданд, ки мушкилот дар равобити дуҷонибаро баррасӣ ва пайгирӣ кунанд.
Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, дар ин дидор роҷеъ ба вазъи феълии равобити дуҷониба ва дурнамои густариши муносиботи Душанбе ва Ашқобод баҳс ва табодули назар карданд.
Дар ин дидор бар зарурати баргузории ҳарчи зудтари нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Туркманистон таъкид шуд.
Тарафҳо ҳамчунин густариши ҳамкориҳои Душанбе - Ашқободро дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва обу энергетика хостор шуданд.