Душвориҳои издивоҷ дар кишварҳои Осиёи Миёна
(last modified Thu, 07 Nov 2019 15:12:39 GMT )
Ноябр 07, 2019 20:12 Asia/Dushanbe
  • Душвориҳои издивоҷ дар кишварҳои Осиёи Миёна

​​​​​​​Ҷаҳизия, меҳрия ва ширбаҳо, ки хонаводаҳои арӯс ва домод пеш аз баргузории маросими издивоҷ бояд онро таҳия кунанд, бахши ҷудоӣ нопазирии ин маросим дар Осиёи Миёна аст.

Ба гузориши ИРНА, яке аз расонаҳои Осиёи Миёна дар гузорише навишт, дар Тоҷикистон расм бар ин аст, ки хонаводаи арӯс аз замони таҳсили духтарашон ба хариди ҷаҳизия мепардозанд ва хонаводаи домод низ муваззаф ҳастанд, ки ширбаҳо бипардозанд, ки ин русум дар ҷануби Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мондааст. Кам ё арзон будани ҷаҳизияи арӯс мумкин аст, боиси бурузи баҳс ва кудурат миёни ду хонавода шавад.

Бино бар асоси ин гузориш, мардуме, ки дар сарзамини Тоҷикистон сокин ҳастанд, дорои ҷашнҳои издивоҷи мунҳасир ба фарде мебошанд, ки ҳафт рӯз ба тӯл меанҷомад. Дар аввалин рӯзи маросим, арӯс ва домод издивоҷи худро эълом карда ва ба муддат се рӯз зиёфатҳои ҷудогонае бо хонаводаҳои худ баргузор мекунанд. Дар тӯли 5 рӯзи аввали ин маросим, арӯс ҳамчунон дар манзили падарии худ мемонд ва дар рӯзи шашум ба ҳамроҳи аъзои хонаводаи худ ба хонаи домод рафта ва шабро дар онҷо мегузаронанд, ки ҳамин мавзӯъ поёни маросимро эълом мекунад.

Пойгоҳи хабарии CA News ҳам навишт: “Дар Қирғизистон ва Қазоқистон ширбаҳо камтар аз ҳазор доллар аст. Ҷиҳозе, ки арӯс ба хонаи бахт мебарад низ бояд ба ҳамин миқдор бошад. Дар ин кишварҳо ду хонаводаи ибтидо дар мавриди мизони ширбаҳо ба тавофуқ мерасанд ва сипас ба хостгорӣ мераванд. Аз тарафе издивоҷҳои зудҳангоми духтарони қирғиз ба далели ба хатар андохтани саломати занон, яке аз муҳиммтарин илали маргу мири бонувон дар Қирғизистон аст, ки бо вуҷуди ғайриқонунӣ будан, ҳамчунон ин издивоҷҳо ривоҷ дорад. Муҳиммтарин иллати издивоҷҳои зудҳангом мавзӯи фақр ва муҳоҷират аст.