Январ 04, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Сафар Абдуллоҳ: давлати Амрико террорист аст

Донишманди барҷастаи тоҷик бо ибрози хашм нисбат ба иқдоми Амрико дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ гуфт, давлати Амрико террорист аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сафар Абдуллоҳ донишманди барҷастаи тоҷики муқими Қазоқистон дар саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук навишт, режими Амрико манбаи шароратҳои бисёре дар ҷаҳон ва минтақаи мо будааст.

Устоди риштаи адабиёти донишгоҳи Аби Лой Хони Қазоқистон ин иддаои Доналд Трамп, ки Қосими Сулаймониро масъули мустақим ва ғайримустақими марги миллионҳо нафар дониста буд рад карда ва афзудааст, ин суханони зимомдоре аст, ки кишвараш дар террори давлатӣ ва куштори миллионҳо инсон даст дорад.

Сафар Абдуллоҳ таъкид кард, ин суханонро метавон дар бораи Трамп ва Амрико гуфт, на дар бораи Қосими Сулаймонӣ, ки бо кору пайкори худ борҳо пеши фоҷеаҳои ногузирро дар минтақа гирифта буд.

Ин устоди шарқшинос афзуд, Амрико бунёнгузор ва ҳомии гуруҳҳои террористии Толибон, ДИИШ ва Алқоида буда ва Қосими Сулаймонӣ алайҳи ин гуруҳҳои террористӣ ҷангид ва ононро шикаст дод.

Абдуллоҳ таъкид кард, акнун замоне расидааст, ки ҷаҳон Амрикоро бештар бишносад ва дареғо демокрасии дуруғини Амрико ҷуз палидӣ ва таҳқири демокрасӣ чизи дигаре нест.