Июл 07, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Содироти 70 дарсад аз маҳсулоти нассоҷии Туркманистон

Туркманистон 70 дарсад аз маҳсулоти нассоҷии худро содир мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз АКИпресс, Вазорати саноати нассоҷии Туркманистон эълом кард, 70 ширкат барои тавлиди анвои намуди ришта, порча, либоси ҷинс, порчаҳои бофтанӣ дар кишвар фаъолият мекунад.

Таҷҳизоти ин ширкатҳо аз кишварҳои Жопон, Италия, Олмон, Белгия ва Швейтсария ворид шудааст.

Муҷтамаи порчабофии “Ashgabat Textile Complex”-и Туркманистон, ки яке аз бузургтарин ширкатҳо дар минтақаи Осиёи Миёна аст, илова бар таъмини ниёзи дохилӣ маҳсулоти худро ба хориҷ ҳам содир мекунад.

Истифода накардани ҳеҷгуна моддаи афзудании химиёвӣ дар ранг ё нармкунандаи порча вижагии ошкори маҳсулоти тавлидшудаи ин ширкат аст.

Ин ширкат маҳсулоти худро бо номи "Мансуҷоти хонагӣ" ба бозор арза мекунад.