Сентябр 29, 2020 15:00 Asia/Dushanbe
  • Ваъдахилофии Толибон; зиндониёни озодшуда ба майдони ҷанг бозгаштанд

Манбаъҳои хабарии Афғонистон эълом карданд, ки 50 тан аз зиндониёни баландпояи гурӯҳи Толибон, ки ба тозагӣ аз зиндонҳои давлат озода шуда буданд дар майдони ҷанг бо нерӯҳои афғон кушта шудаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА , ин дар ҳоле аст, ки ин зиндониён дар замони озод шудан уҳдадории катбӣ дода буданд, ки дигар ба майдони ҷанг барнамегарданд ва Толибон низ гуфта буданд, ки зиндониёни озодшуда ба майдони набард боз нахоҳанд гашт.

 Рӯзномаи “Субҳи Кобул” ба нақл аз пажӯҳиши донишгоҳи «Квинс Белфаст» навишта аст, ки бархе масъулони низомӣ , аъзои комиссиюни ҷалбу ҷазб ва бархе аъзои шӯрои Кувайтаи Толибон ва муовинони устондори худхондаи онҳо, ки теъдодшон ба 50 нафар мерасад , пас аз озодӣ аз зиндони давлат дар ҷанг кушта шудаанд .

 Дар ин пажӯҳиш бо 108 зиндонии озодшуда гуфтугӯ шуда аст, ки аз он ҷумла 74 тан, ки наздик ба 68 дарсадро ташкил медиҳанд , дубора ба майдони ҷанг баргаштаанд .

 Бар асоси ин гузориш бархе зиндониёни озодшуда ҳатто ба унвони фармондору устондор аз тарафи ин гурӯҳ дар бархе шаҳристонҳо ва вилоятҳои Афғонистон таъин шудаанд.

 Давлати Афғонистон бар асоси тавофуқномаи сулҳи Амрико ва гурӯҳи Толибон , беш аз панҷ ҳазор зиндонии ин гурӯҳро аз зиндонҳои давлат озод кард, то заминаи гуфтугӯи сулҳи байни давлат бо Толибонро фароҳам кунад .

 Ин зиндониён дар замони озод шудан таъаҳҳуди катбӣ дода буданд, ки дигар ба майдони ҷанг барнамегарданд ва Толибон низ гуфта буданд, ки зиндониёни озодшуда ба майдони набард бознахоҳанд гашт.

 

Барчасп