Январ 07, 2021 12:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии Қазоқистон

Мавзӯи таҷзияи Қазоқистон бори дигар бар сари забонҳо афтодааст ва бо кӯчактарин ҳаракати раҳбарони давлати Назарбоев баназар мерасад, ҳаракати нерӯҳои муқобил дар дастури кор қарор гирифтааст.

Дар ҳамин иртибот, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқисто хостори бархӯрд бо иқдомоти таҳрикомези касоне шуд, ки ба тамомияти арзии ин кишвар чашми тамаъ доранд.

Дар ин замина, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон бо таъкид бар ҳифзи манофеи миллии кишвараш гуфт: Дар баробари иқдомоти таҳрикомези бархе фаъолони хориҷӣ, ки ба тамомияти арзии ин кишвар чашми тамаъ доранд ва аз равобити ҳусни ҳамҷаворӣ интиқод мекунанд, бояд муқовимат кард.

Аз изҳороти раисиҷумҳури Қазоқистон чунин бар меояд, ки Русия тарафи хориҷии мавриди иддаои арозӣ бо Қазоқистон аст. Дар ҳақиқат, яке аз манотиқи мавриди ихтилофи Русия ва Қазоқистон, валояти Қазоқистони Шимолӣ аст. Ин вилоят 97,993 киломтари мурабаъ масоҳат ва 579,403 нафар ҷамъият дорад. Пеш аз ин Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар як конфронси матбуотӣ дар мавриди Қазоқистон гуфтааст: “Қазоқистон ҳечвақт як кишвар набудааст ва танҳо баъд аз фурӯпошии Шуравӣ таъсис шудааст. Ин изҳорот мӯҷиби норизоятии Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон шудааст.

Дар замони тарҳи ин изҳорот тавассути раисиҷумҳури Русия, коршиносон ин баёнотро дар вокуниш ба ҳимояти Нурсултон Назарбоев аз узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо талаққӣ карданд.

 

Путин дар моҳи сентябри соли 2014 дар дидори донишҷӯён дар посух ба ин пурсиш, ки "оё рушди рӯҳиёти миллигароӣ дар Қазоқистон ба такрори сенарияи Украина мунҷар нахоҳад шуд, зеро феълан Нурсултон Назарбоев нақши омили боздорандагиро бозӣ мекунад", ба тавсифи шахсияти Назрабоев пардохт.

Вале бо баёноте мӯҷиби ошуфтагии афкори умумии қазоқҳо шуд. Путин гуфт: Назарбоев кори шигифтангезе кардааст ва дар қаламрави кишвараш давлате бино ниҳодааст, ки ҳаргиз дар тӯли таърихи соҳиби давлат (ҳокимият) набудааст. Дар воқеъ ӯ ба сӯрати   талвеҳӣ гуфт: Қазоқистон ҳечгоҳ ба унвони як кишвар вуҷӯд хориҷӣ надоштааст. Миллигароёни қазоқ аз дидгоҳи Русия мабнӣ бар надоштани давлат ва ҳокимият дар тӯли таърих нороҳат шуда ва ба он вокуниш нишон доданд.

Наздик ба як чаҳорум аз сокинони Қазоқистон ва ниме аз ҷамъият Қазоқистони Шимолиро рустаборҳо ташкил медиҳанд. Қазоқистон баъд аз Русия бештарин теъдоди гӯишварони забони русиро ба худ ихтисос додааст. Дар ин замина, Григорий Миронов, пажӯҳишгари маркази Украиншиносии Донишгоҳи федероли ҷанубии Русия ахиран зимни матлабе бо унвони "агар Қазоқистон федерасиюн нашавад, сарнавишти Украина метавонад дар интизораш бошад", муддаӣ шуд: "бахши қобили таваҷҷӯҳе аз манотиқи шимолии Қазоқистон ба лиҳози таърихӣ ба Русияи тааллуқ дорад".

Вай дар ин ёддошт муддаӣ шудааст: "мақомҳои Қазоқистон бояд бипазирад, ки русҳо дар ин кишвар дар сарзаминҳои худ зиндагӣ мекунанд, ки дар каме беш аз як қарни пеш аз сӯи болшевикҳо ва фақат ба хотири афзоиши шумори пролетариат дар ин ҷумҳурии ашоирии Шуравӣ, ба қазоқҳо эъто шуда буд".

Мавзӯи истиқлол ёфтан ҷумҳуриҳои Шуравӣ дар соли 1918 милодӣ ва таъсиси давлат дар он даврони ҳамчунон бар ҷумҳуриҳои истиқлол ёфта аз Шуравӣ соя афкандааст. Ин дар ҳоле аст, ки истиқлоли ҷумҳуриҳои Шуравӣ давоми чандоне надошт ва дар беҳтарин шароит пас аз ёздаҳ моҳ суқӯт карданд ва ба Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ пайвастанд.

Дар маҷмӯ, бояд гуфт, қазоқсозии манотиқи шимолии Қазоқистон маҳсӯли рушди миллигароӣ дар сатҳи давлати Нурсултон аст. Тағйири номи шаҳрҳо, манотиқ ва хиёбонҳо аз русӣ ба қазоқӣ ва ҷойгузинии алифбоии Лотин ба ҷои кирил низ дар ростои такқавмӣ кардаи ин кишвар сӯрат гирифтааст.  

Дар шароити феълӣ, ҷомеъаи Қазоқистон ба сӯрати умда ба ду гурӯҳ бузурги русзабонҳо ва қазоқҳо табдил шудааст, ки дар муқобили ҳам қарор гирифта ва дар сурати ташдиди фароянди қазоқисозӣ ва ё исломисозӣ дар кишвар, рӯёрӯии ин ду гурӯҳ ба роҳатӣ метавонад вориди марҳалаи ҷиддитаре шавад. Бинобар ин фақат федеролӣ шудан метавонад, ин кишварро дар оянда аз фурӯпошӣ ва бесуботӣ наҷот диҳад. Зеро таҷрибаи Украина ҳокӣ аз он аст, ки нодида гирифтани ҳақи қонӯнии русзабонҳо ба эҷоди муҷаддади як нуқтаи доғ дар фазои Шуравии собиқ мунҷар хоҳад шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп