Март 18, 2021 17:06 Asia/Dushanbe
  • Давлати Қирғизистон бозгашти кӯдакони қарғиз аз Ироқро иқдоме башардӯстона қаламдод кардааст
    Давлати Қирғизистон бозгашти кӯдакони қарғиз аз Ироқро иқдоме башардӯстона қаламдод кардааст

Саранҷом пас аз фишорҳои зиёди давлатҳои ғарбӣ, бавижа Амрико, давлати Қирғизистон даҳҳо нафар аз кӯдакони қирғизро аз Ироқ бозгардонд.

Давлати Бишкек бозгардонидани кӯдакони қирғиз аз Ироқро иқдоме башардӯстона қаламдод кардааст. Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар баёнияе эълом кард, ин иқдоми башардӯстона таҳти унвони "мийрим” ба маънии меҳрубонӣ 79 кӯдак аз шаҳрвандони ин кишвар аз Ироқ ба Қирғизистон бозгаштанд. Ин маъмурияти башардӯстона бо ҳадафи наҷоти кӯдакон, ки дар вазъияти бисёр хатарнок барои зиндагӣ ва саломатӣ қарор доранд, анҷом шуд.

Аз соли 2018 мелодӣ, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия шикаст хурд ва аъзои он аз хутути ҷабҳаи Сурия фирор карданд, Амрико бо кумаки бархе аз муттаҳидони худ дар минтақа ба манзури бозгардонидани аъзои бозмондаи ин гурӯҳи террористӣ ҳамаи талоши худро ба кор гирифт. Ба тавре, ки дипломатҳои амрикоӣ бо пардохти маблағе ба сиёсатмадорони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талош кардаанд то шаҳрвандони ин кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистонро ба ин минтақа бозгардонанд.

Бозгардонидани 79 кӯдаки қирғиз аз Ироқ дар шароите аст, ки пеш аз ин дар моҳи июли соли гузашта раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон бо бозгардонидани шаҳрвандони диишӣ аз Сурияву Ироқ мувофиқат карда буд.

Бар асоси баёнияи мунташиршуда тавассути дастгоҳи иттилоотӣ ва амниятии Қирғизистон, авлавияти бозгашт бо кӯдакон аст ва пас аз иҷрои таҳқиқот дар бораи волидайнашон, онҳо низ ба Қирғизистон бозгардонда хоҳанд шуд.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда дар расонаҳои Бишкек, шумори атбои қирғизистонӣ, ки барои ДИИШ дар Сурияву Ироқ ҷангандаанд, байни 500 то ҳазор нафар будааст.

Мавзӯи бозгардонидани он даста аз атбои Қирғизистон, ки дар хидмати аҳдофу манофеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ буданд, барои давлату мардуми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Қирғизистон аз аҳамияти зиёде бархурдор будааст.

Табиист, ки дар пайи шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ бозмондагони ин гурӯҳ ё дар зиндонҳои кишварҳои минтақа дар боздошт ба сар мебаранд ва ё ин ки ба кишварҳои мутмаинтар паноҳ бурдаанд.

Бо вуҷуди ин шакке нест, ки дар сурати ҳидоят накардани ин идда, давлат ва мардуми Қирғизистон ҳамчунон дар маърази таҳдидҳои ин гурӯҳи террористӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин дар ҳоле аст, ки Қирғизистон низ монанди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ба шиддат аз лиҳози бархурдорӣ аз уламои динии тарози аввал ва мутталеъ аз дини мубини Ислом ранҷ мебарад.

Илова бар бекориву фақр, мардуми Қирғизистон ба далели бесаводӣ ва адами уламои динии омӯзишдида, ба шиддат дар маърази таҳдидоти гурӯҳҳои ифротгаро, ба вижа гурӯҳи террористии ДИИШ қарор доранд.

Табиист, ки дар кишваре назири Қирғизистон, назорат бар фаъолиятҳои мазҳабиву динӣ то ҳудуди зиёде бар раванди пешгирӣ аз пайвастани атбои ин кишвар ба гурӯҳҳои террористие назири ДИИШ муассир аст.

Фаҳми нодуруст аз дини мубини Ислом, ки аз даврони султаи низоми мутамаркизи тасмимгирӣ сарчашма мегирад, боис шудааст, ки гурӯҳҳои муртад ва вобаста ба ҷараёнҳои саҳюнистие назири гурӯҳи террористии ДИИШ ба роҳатӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нуфуз кунанд.

Бо вуҷуди он ки Қирғизистон низ монанди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар маърази фаъолиятҳои ифротгароёни динӣ ва гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад, мақомҳои давлати Бишкек то кунун дар ин замина гоми муассире барнадоштаанд.

Дар айни ҳол бими он меравад, ки бархе аз мақомҳои баландпояи Қирғизистон низ ба сурати махфиёна бо ин гурӯҳи террористӣ ҳамкорӣ дошта бошанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳамин иртибот Дамир Сагунбоев, раиси собиқи Шӯрои амнияти Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2017 мелодӣ фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар ғарби Осиё ва Афғонистонро таҳдиде ҷиддӣ барои Қирғизистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қаламдод кард. Дамир Сагунбоев, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони як коршиноси умури амниятӣ дар Қирғизистон фаъолият дорад, гуфтааст: “Бар асоси иттилооти ниҳодҳои амниятии Қирғизистон, терроризми байналмилалӣ барномаҳои ҷиддӣ барои густариши бесуботӣ дар кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (ИДМ), ба вижа Қирғизистон дорад”.

Дар ин шароит ва бо тавваҷуҳ ба бархе воқеиятҳо мушаххас мешавад, ки чаро Амрико ба манзури бозгардонидани атбои диишии Қирғизистон ҳатто ҳозир шудааст ба мақомҳои давлати Бишкек маблағе пардохт кунад.

Табиист, ки Амрико дар оянда қасд дорад аз бозмондаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ баҳрабардорӣ кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп