Май 12, 2021 11:00 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Қазоқистон рӯзҳои 19 ва 20 майи соли 2021 ба Тоҷикистон  сафар мекунад
    Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Қазоқистон рӯзҳои 19 ва 20 майи соли 2021 ба Тоҷикистон сафар мекунад

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо сафар ба Тоҷикистон рӯзҳои 19 ва 20 май бо ҳамтои тоҷики хеш ва дигар мақомоти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

 Ба гузориши  сомонаи Спутник, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Жомарт Тоқаев дар бораи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, обу энержӣ, амнияти минтақа, авзоъи Афғонистон, марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва имкони ирсоли ваксинаи коронаи  тавлидшуда дар Қазоқистон ба Душанбе  баҳсу табодули назар хоҳад шуд. 

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистони яке аз бозорҳои муҳими масрафи газу гандуми Қазоқистон ба ҳисоб меояд.

Ҳамчунин Қазоқистон метавонад аз таҷрибаи хеш барои аломатгузории марзи муштарак бо Узбекистон, Русия, Чин ва Қирғизистон ба Тоҷикистон  тавсияҳои муфид диҳад. 

Дар дидори мақомоти ин ду кишвар дар Душанбе  мавзӯи барқарории дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи марказӣ ва таъмини оби мавриди ниёзи Қазоқистон аз сӯи  Тоҷикистон  баррасӣ хоҳад шуд. 

Аз сӯи дигар Қазоқистон ба гуфтаи мақомоти иқтисодии ин кишвар дар соли 2025 ба вуруди наздик ба 1 миллион коргари муҳоҷир  ниёз хоҳад дошт, ки Тоҷикистон метавонад бахше аз ин нерӯро таъмин кунад. 

Дар дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе дар бораи ирсоли ваксинаи коронаи  Спутник -  V русӣ, ки тавлиди он дар Қазоқистон оғоз шудааст, ба Тоҷикистон низ баҳс хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп