Талош барои ҳамкории интизоми ва амниятии Эрон ва Тоҷикистон
-
Талош барои ҳамкории интизоми ва амниятии Эрон ва Тоҷикистон
Фармондеҳи кули интизомии Эрон ба даъвати вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва дар ростои густариши ҳамкориҳои интизоми ва амнияти вориди Душанбе шуд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо пайрави сафари хурдодмоҳи соли ҷорӣ ҳайати тоҷикистонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон генерал Аҳмадризо Родон ба даъвати вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо ҳадафи рушд ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои полиси ва интизомӣ вориди ин кишвар шуд.
Гуфтани аст генерал Родон тайи маросими расми дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истиқболи Аламшозода Абдураҳмон Аламшо генерал-полковники милитсия муовини аввали вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Дар дидор бо генерал-полковники Рамазон Раҳимзода заминаҳои ҳамкори ва решди беш аз пеши таъомулоти дуҷониба дар ҳавзаҳои полисӣ ва интизомӣ, мубориза бо терроризм, маводи мухадир, ҷароими созмонёфта, баргузории кумитаҳои коршиносӣ ва тахассусии интизомӣ, тасҳили ҳамкориҳо ва табодули иттилоъот дар хусуси афроди таҳти таъқиб ва боздоштшудаи ду кишвар, рушди ҳамкориҳои омузиши, тасҳили ҳамкориҳо дар ироаи хадамоти мутақобил ба шаҳрвандони ду кишвар ва табодули таҷрубиёт мавриди барраси ва табодули назар қарор гирифт.