Май 29, 2021 14:26 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи баъдии Шӯрои сарони ИДМ 12 ноябри 2021 дар Бишкек баргузор мешавад
    Ҷаласаи баъдии Шӯрои сарони ИДМ 12 ноябри 2021 дар Бишкек баргузор мешавад

Нишасти баъдии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Улуғбек Маъруфов, нахуствазири Қирғизистон, ки ба манзури ширкат дар нишасти нахуствазирони кишварҳои ИДМ дар Минск, пойтахти Беларус ба сар мебарад, гуфт: Тасмим бар ин шуд, ки ҷаласаи баъдии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар 12 ноябри 2021 дар Бишкек баргузор шавад.

Вай дар бахше аз суханони худ дар ин нишаст, тавсеаи бештари иқтисодро ба ҳифзи манобеи табиӣ муртабит донист ва бар ҳифзи манобеи табиӣ, иҷрои саҳеҳу шаффофи истифода аз лояҳои зерзаминӣ дар бахши маъдан таъкид кард ва афзуд: Маводи маъданӣ ва захираҳои зеризаминӣ бояд дар хидмати манофеи мардум бошад ва барои рифоҳи онҳо истифода шавад.

Нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи беҳбуди вазъияти иштиғол дар кишварҳои ИДМ - ро ёдоварӣ ва ибрози умедворӣ кард: Ин тавофуқнома ба коҳиши сатҳи бекорӣ, тазмини ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ барои озодӣ ва баҳрагирӣ аз фаъолиятҳои коргарии матлуб ва ҳамчунин ҳалли мушкилот дар заминаи муҳоҷирати корӣ кумак мекунад.

Кишварҳои Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдавия аз аъзои доимии кишварҳои ИДМ ҳастанд.

Туркманистон ба унвони узви ҳамкор ва ду кишвари Афғонистон ва Муғулистон ба унвони узви нозир дар ин созмони минтақаӣ ҳузур доранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп