Октябр 28, 2016 20:20 Asia/Dushanbe

Тавонмандиҳои санъати барқи Эрон дар саввумин намоишгоҳи байналмилалии барқу таҷҳизоти электрикии Қазоқистон муаррифӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, дар намоишгоҳи байналмилалии барқу таҷҳизоти электрикӣ, ки бо шиори "Нақши санъати барқ дар иқтисоди ҷаҳонӣ" дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар ҳоли баргузорӣ аст, 13 кишвар, аз ҷумла Эрон, Олмон, Русия, Италия, Финландия, Чин, Туркия ва Қазоқистон охирин дастовардҳои худро дар заминаи санъати барқ ба намоиш гузоштанд.

Аз Ҷумҳурии исломии Эрон ду ширкати фаъол дар заминаи тавлиди симу кабел ва сохту тавлиди трансформатор дар намоишгоҳи Алмаато ҳузур доштанд.