Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Туркманистон ва Сербия
Июн 08, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
Вазирони хориҷаи Туркманистон ва Сербия дар видео конфронсе бо якдигар гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши АКИПРЕСС, Рашид Мурдов ва Никола Селакович дар ин гуфтугӯ бар тавсеъаи бештари равобити Туркманистону Сербия дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи муштарак таъкид карданд.
Дар ин гуфтугӯ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона баррасӣ шуд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ду кишвар ба таври фаъол дар заминаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд.
Вазирони хориҷаи ду кишвар тавофуқ карданд, ки пешнависи «нақшаи роҳ»-ро барои тақвияти ҳамкории дуҷониба таҳия кунанд.
Бештар бихонед:
- Эҳтимоли сохти пойгоҳи низомии Амрико дар Туркманистон
- Рутбаи 178 Туркманистон дар рутбабандии озодии матбуот
Барчасп