Боздошти 20 шаҳрванди ӯзбакистонии гумонбар ба ифротгароӣ
Июн 18, 2021 17:54 Asia/Dushanbe
Нерӯҳои амниятии Ӯзбакистон дар устони Сирдарё 20 шаҳрванди мазнун ба интишори матолиби ифротгароёна дар фазои маҷозиро боздошт карданд.
Кормандони Вазорати умури дохила ва Хадамоти амнияти давлатии вилояти Сирдарё, дар ноҳияи Мирзообод ва Янгиюл, ин афродро боздошт карданд.
Ин гурӯҳ аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ақидаҳои ифротиро тарвиҷ мекарданд.
Дар бозрасӣ ва тафтиши манозили боздоштшудагон матолиби ифротгароёна, чанд гӯшии телефони ҳамроҳ, роёнаи қобили ҳамл, корти ҳофиза ва аслиҳа кашф шуд.
Бештар бихонед:
- Судури ҳукми зиндон барои як мубаллиғи ақоиди ифротигарӣ дар Тоҷикистон
- Иллати гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон
Барчасп