Июн 20, 2021 10:33 Asia/Dushanbe
  • Таҳаррукоти нави созмонҳои такфирӣ-террористӣ дар  Ӯзбекистон, аз вазъияти хатарноке барои ҳукуматҳо ва миллатҳои ин минтақа ҳикоят дорад.
    Таҳаррукоти нави созмонҳои такфирӣ-террористӣ дар Ӯзбекистон, аз вазъияти хатарноке барои ҳукуматҳо ва миллатҳои ин минтақа ҳикоят дорад.

Таҳаррукоти нави созмонҳои такфирӣ-террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбекистон, аз вазъияти хатарноке барои ҳукуматҳо ва миллатҳои ин минтақа ҳикоят дорад.

Дар ҳамин иртибот, вазорати кишвари Узбекистон  бори дигар аз дастгирии шаш ( 6 ) террористи дигар, ки қасди ҳимоят аз ҷараёнҳои террористӣ - такфирӣ дар Сурия доштанд - хабар додааст.

Вазорати кишвари Узбекистон дар идомаи расади террористҳои бозгашта аз Сурия, бо интишори баёнияе эълом кард: Афроди боздоштшуда аз аъзои ҳизби " озодибахш " дар минтақаи Самарқанд буданд, ки ба сурати асосӣ ба ҳимояти молӣ аз созмонҳои террористӣ дар Сурия ва ҷазби нерӯ ба ин ташаккулҳо иқдом карда ва барои таҳаққуқи ин ҳадаф, ба бархе даъватҳо ва фатвоҳои динии ифротгароёна муттакӣ будаанд.

Боздошти шаш тан аз аъзои ташаккулҳои ҳомии ҷараёнҳои террористӣ - такфирӣ дар минтақаи Самарқанд дар хоки Узбекистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта низ нерӯҳои амниятии ин кишвар  14 тан аз аъзои ҳамин ташкилотро боздошт карда буданд. Ин террористҳо, ки ахиран " ба Узбекистон бозгардонда шуда буданд, боз дигар қасди пайвастан ба ташаккулҳои террористиро дар Сурия доштаанд.

Давлати Амрико бо кумаки дипломатҳои ин кишвари мустақар дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ дар чанд  соли гузашта  талош зиёде карданд то атбоъи ин кишварҳоро бори дигар ба хонаводаҳояшон дар ин минтақа бозгарданд. Дар ҳақиқат, мақомҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла  Узбекистон умдатан " таҳти фишорҳои давлати Амрико  террористҳои фаъол дар Сурияро - ки ҳангоми фирор  тавассути кишварҳои мухталиф, бавижа Ироқ ва Туркия асир шуда буданд - ба кишварҳояшон бозгардонданд. Давлати Амрико ба таври аланӣ ҳатто ба мақомҳои Осиёи марказӣ пешниҳоди дарёфти пул ба манзури истирдоди террористҳое, ки омӯзишҳои низомӣ дида буданд, матраҳ карда буд. Ин иқдоми давлати Амрико нишон медиҳад, ки ин кишвари султагар тавтеаи ҷадиде алайҳи давлатҳо ва миллатҳои минтақа  тадорук дидааст.

Ҳадафи Амрико эҷоди танишу даргирӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ ва ворид  сохтани хисоратҳои моддӣ ва маънавӣ ба кишварҳои мустақил дар минтақа аст. Дар ин миён, бояд гуфт, пас аз истиқлол дар соли 1991 милодӣ, Узбекистон дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ, танҳо кишвари ин минтақа буд, ки кормандони динии омӯзишдида дар ихтиёр дошт ва аз вуруди маблағони радиколи хориҷӣ ба кишвар ҷилавгирӣ мекард . Аммо бо рӯи кор омадани давлати "Шавкат Мирзиёев " дар Узбекистон  аз соли 1918 милодӣ, ин кишвар дар шароити озодии нисбӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, иқдоми созандаи давлати Тошканд, мавқеияти тундравҳо ба таври қобили мулоҳизае таҳким ёфтааст. Ба тавре, ки ин ташаккулҳо бидуни маҳдудият  равобити хориҷии худро барқарор мекунанд ва аз имконоти муносиб барои таблиғ бархӯрдор шудаанд.

 

Дар ҳамин  иртибот, "Александр Князев" муаррих, ховаршиноси рус ва коршиноси сиёсии руси муқими Осиёи марказӣ, мӯътақид аст: "Истихдоми шаҳрвандони кишварҳои Осиёи марказӣ дар солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои террористии фаъол дар Сурия ва Ироқро метавон як тамрини бузурги тавзиъи нуфузи давлатҳои бегона бавижа кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико қаламдод кард".

Мурури куллӣ ба далоили воқеии ҷазби атбоъи Осиёи марказӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва сойири гурӯҳҳои террористӣ - такфирии мушобеҳ дар Сурия  ва Ироқ нишон медиҳад, ки муҳимтарин далели пайвастани бисёре аз атбоъи Осиёи марказӣ ба ин ташаккулҳои террористии ношӣ аз тавсеъа  наёфтани андешаи исломӣ эҷод шудааст. Дарвоқеъ, нахустин ва муҳимтарин далеле, ки боис шудааст чандин  ҳазор нафар аз атбоъи Осиёи марказӣ дар канори ҷараёни террористии ДИИШ биҷанганд, фиқдони тавсеъаи дини мубини ислом ба далели маҳдудиятҳо ва тангноҳоист, ки нухбагони сиёсӣ дар ин кишварҳо эҷод кардаанд. Тангноҳое, ки мӯҷиб шудааст ҷавонони ташнаи ислом, натавонанд бо исломи асӣл ва усули асосии охирин дини осмонӣ ошно шаванд. Ҳамзамон, ин маҳдудиятҳо исломгароёнро ба фаъолиятҳои хушунатбор овардааст.

Бештар бихонед:

Барчасп