Поёни нишасти гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе
Нишасти 5 рӯзаи гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манзури мушаххас кардани хутути марзии ду кишвар, бо имзои ёддошти тафоҳум дар шаҳри Душанбе ба поён расид.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар баёнияи поёнии ин гуфтугӯ таъкид шудааст, ки даври баъдии музокироти тарафҳо дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.
Аммо дар бораи ҷузъиёти ин даври музокироти тарҳо барои аломатгузории марзи 976 километрии ду кишвар, тавзеҳоте ироа нашудааст.
Ин чаҳорумин даври музокироти гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад, ки пас аз даргирии хунини марзӣ рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Ихтилофи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ, ки муҷиби кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд гардид, ташдид шуд, ки марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемонад.
Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Бештар бихонед:
- Талош барои кумак ба осебдидагони ҳаводиси марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон
- Оғози амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар навоҳии марзӣ бо Тоҷикистон