Сафири Қирғизистон дар Нурсултон эътимодномаи худро ба президенти Қазоқистон супорид
(last modified Fri, 10 Sep 2021 15:26:51 GMT )
Сентябр 10, 2021 20:26 Asia/Dushanbe
  • Сафири Қирғизистон дар Нурсултон эътимодномаи худро ба президенти Қазоқистон супорид

 Сафири Қирғизистон дар Нурсултон Достоевский эътимодномаи худро ба президенти Қазоқистон Қосим Ҷумарт Такаев супорид.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба Форс, Токаев зимни мулоқот бо сафири нави Қирғизистон дар Нурсултон дар ҳошияи ин маросим ба аҳамияти шарикии стратегии ду кишвар таъкид кард.

Дар ҷараёни мулоқот президенти Қазоқистон нияти боздид аз Бишкекро дар аввали соли 2022 эълон кард.

Вай ҳамчунин дар мулоқот бо расонаҳо гуфт, ки сафири Қирғизистон дар Қазоқистон ният дорад ҳамкории судманди ду кишварро бар асоси принсипи ҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба рушд диҳад.