Сентябр 23, 2021 00:42 Asia/Dushanbe
  • То замоне, ки Толибон ба расмият шинохта нашаванд, нигаронии Иттиҳоди Аврупо ва маҷомеи байналмилалӣ рафъ нахоҳад шуд
    То замоне, ки Толибон ба расмият шинохта нашаванд, нигаронии Иттиҳоди Аврупо ва маҷомеи байналмилалӣ рафъ нахоҳад шуд

Гурӯҳи Толибон нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба риояти ҳуқуқи башар дар Афғонистонро яктарафа хонд.

Муовини вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар вокуниш ба нигаронии Иттиҳодияи Аврупо аз нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон гуфт, агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин гурӯҳро ба расмият бишносанд, Толибон нигаронии онҳоро дар ин замина бартараф хоҳанд кард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, то замоне, ки Толибон ба расмият шинохта нашаванд, нигаронии Иттиҳодияи Аврупо ва маҷомеъи байналмилалӣ рафъ нахоҳад шуд.
Изҳороти Муҷоҳид дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо ахиран эълом карда, ҳуқуқи башар дар Афғонистон бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст ва аз дастрасӣ надоштани духтарон ва занони Афғонистон ба омӯзиш ва кор нигарон ҳастанд.
Пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон ва соқит кардани давлати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар, ба тадриҷ ин гурӯҳ ба ин дарк расид, ки барои барқарории ҳукӯмат ва қарор гирифтан дар масири давлатсозӣ, ниёз ба ҳамкорӣ ва таъомул бо дигар кишварҳоро дорад, ки дар адабиёти сиёсӣ аз он ба унвони ба расмият шинохтан дар ҷомеъаи байналмилалӣ ёд мешавад.
Толибон то қабл аз дастёбӣ ба қудрат дар Афғонистон чандон ба давраи пас аз соқит кардани давлати Ашраф Ғанӣ ва илзомоти он фикр накарда буданд, аммо аз 15 август, ки тавонистанд Кобулро дар ихтиёри худ бигиранд, ба тадриҷ мутаваҷҷеҳ шуданд, ки барои идораи умӯри кишвар дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ бояд аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шаванд. Ба хусӯс онки дар ҳоли ҳозир бахши умдае аз буҷети давлати Афғонистон аз тариқи кумакҳои молии байналмилалӣ таъмин мешавад, ки пас аз тасаллути Толибон бар ин кишвар, бисёре аз кишварҳои кумаккунанда, аз ҷумла аъзои Иттиҳоди Аврупо таҳдид карданд, ки ин кумакҳоро қатъ хоҳанд кард.

Интишори бархе гузоришҳо дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои ахир дар бораи эъмоли маҳдӯдиятҳо ё тарҳи онҳо аз сӯи Толибон дар бораи занони Афғонистон, аз ҷумла дар мавриди таҳсил ва кори онон мӯҷиб шуда то Иттиҳодияи Аврупо дар ин хусӯс вокуниш нишон диҳад ва дар бораи табаоти чунин тасмиме ба сарони ин гурӯҳ ҳушдор диҳад.
Мақомоти Толибон мегӯянд, ғарбиҳо масоили сиёсиро ба мабоҳиси ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон гиреҳ задаанд, ки ин масаъла аз сӯи ин гуруҳ ба шиддат мавриди эътироз қарор гирифтааст.
Барағми онки Толибон таъкид доранд, ки Иттиҳодия Аврупо набояд масоили ҳуқуқи башариро ба масоили сиёсӣ пайванд бизанад, изҳороти Муҷоҳид баёнгари он аст, ки ин гуруҳ низ дар ин чарха мавриди интиқод гирифтор шудааст.
Толибон чунончӣ бар ваъдаи худ дар бораи риояти ҳуқуқи занони Афғонистон пойбанд ҳастанд, набояд таҳаққуқи ин ваъдаи худро ба мавзӯи шиносоии расмии давлати Толибон аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо гиреҳ бизанад.

Толибон қабл аз онки дар садади эътимодсозӣ барои ҷомеъаи ҷаҳон бошад, бояд тамоми тавони худро барои ҷалби эътимоди мардуму гуруҳҳои сиёсӣ ва қавмии Афғонистон дар пеш бигирад то зеҳнияти беш аз ду даҳа бархӯрдҳои ғайри мутаориф ва хашини ин гурӯҳ батадриҷ дар фазои умумии ин кишвар талтиф шавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп