Сентябр 30, 2021 19:00 Asia/Dushanbe
  • Давлати Толибон аз шурӯи амалиёти зидди гуруҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон хабар дод
    Давлати Толибон аз шурӯи амалиёти зидди гуруҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон хабар дод

Давлати Толибон аз шурӯи амалиёти зидди гуруҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон хабар дод .

Давлати Толибон дар Афғонистон эълом кард дар амалиёти неруҳои Толибон зидди ДИИШ дар вилоятҳои Нангарҳор дар ( шарқи Афғонистон ) ва Кобул шуморӣ аз афроди ин гуруҳи террористӣ дастгир шуданд .
Толибон пеш аз ин эълом карда буданд аъзои гуруҳи ДИИШ чолише дар баробари Толибон нестанд . Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон аз 15 август то кунун шумори зиёде аз афроди ДИИШ-ро дастгир карданд .
Эъломи оғози амалиёти Толибон алайҳи гуруҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон дар чорчуби ваъдае аст, ки пас аз тасаллути Толибон бар Кобул, ин гуруҳ ба мардуми ин кишвар дод, ки аз тариқи муқобила бо ҳар гуна таҳдиду ноамнӣ, амниятро барои онон таъмин хоҳад кард .
То пеш аз ба қудрат расидан Толибон дар Афғонистон ду ривояти шомили рақобат ё ҳамкории ин гуруҳ бо ДИИШ дар ин кишвар матраҳ буд, ки далелҳои мавҷуда ҳамкории байни ин ду гуруҳро таъйид намекард .
Албатта ба таври табиӣ ҳам ин таҳлил вуҷуд дошт, ки ДИИШ ва Толибон дар Афғонистон рақиби якдигар ҳастанд ва ҳар як аз онҳо барои табдил шудан ба қудрати бемуддаӣ дар таҳаввулоту даргириҳои ин кишвар талош мекарданд .
Дар солҳои ахир, ки пои гуруҳи террористии ДИИШ ба Афғонистон боз шуд, гумонаи қудратёбии ин гуруҳ дар ин кишвар тарафдорони чандоне надошт ва бо тавваҷуҳ ба собиқа ва решаи фикрӣ ва иҷтимоии Толибон дар Афғонистон пешбинӣ мешуд, ки ин гуруҳ бар соири гуруҳҳо аз ҷумла ДИИШ, ки барои касби қудрат меҷанганд, ғалаба кунад .
Тасаллути Толибон бар Кобул пас аз ба кантрол даровардани ҳамаи вилоятҳои Афғонистон ( ба ҷуз Панҷшер ) нишон дод, ки ин гуруҳ дар рақобат бо ДИИШ тавониста зимоми умӯрро дар ин кишвар дар ихтиёр бигирад .

Дар ҳоли ҳозир низ Толибон дар мақоми ташкилдиҳандаи давлати ҷадиди Афғонистон таклиф дорад, ки бо навъҳои мухталифи таҳдидҳову ноамниҳо дар ин кишвар муқобила кунад ва ба хостаи мардуми Афғонистон барои барқарории амният посухи фаврӣ ва мусбат бидиҳад .
Бар ҳамин асос аст, ки давлати Толибон дар Афғонистон аз шурӯи амалиёти неруҳои ин гуруҳи зидди ДИИШ дар ин кишвар ба хусус дар манотиқи шарқӣ хабар додааст .
Дар солҳои ахири вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ба пойгоҳи аслии ДИИШ дар ин кишвар табдил шуд ва албатта амалиётҳои маргбори ин гуруҳ танҳо ба шарқи Афғонистон маҳдуд набудааст ва бархе вилоёт ва ҳамчунин шаҳри Кобул низ ҳадафи ҳамалоти террористӣ ва хунини ДИИШ будааст .

Толибон ки дар шароити кунунӣ худро фотеҳи набард бо Амрикову НАТО ва ҳамчунин давлати собиқи Афғонистон ба раҳбарии Муҳаммад Ашрафғанӣ медонанд, идомаи ноамнӣ ва шарорат аз сӯи гуруҳи террористии ДИИШ дар ин кишварро дорои табаъоти манфӣ барои ҳукумати худ арзёбӣ карда ва дар пайи бархурд бо ДИИШ-ҳо дар саросари Афғонистон ҳастанд. 

Агар чи бархе маҳофили сиёсӣ дар Афғонистон амалиёти Толибон зидди ДИИШ-ро дороӣ воқеият намедонанд, аммо бояд тавваҷуҳ дошт, ки ДИИШ то қабл аз тасаллути Толибон бар Кобул абзоре барои тазъифи давлати собиқи ин кишвар буд, ки метавонист дар ҷиҳати аҳдофи ин гуруҳ бошад, аммо дар ҳоли ҳозир, ки Толибон қудратро дар ихтиёр дорад, идомаи фаъолияти ДИИШ метавонад барои Толибон чолиши қобили тавваҷуҳ бошад .


Бештар бихонед :