Октябр 23, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон аз Русия ва Туркия паҳбод харидорӣ кард

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз хариди паҳбоди "Орлан-10Е" ва "Bayraktar" аз Русия ва Туркия хабар дод.

Ба гузориши сойтҳои хабарии Осиёи Марказӣ, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, "Мо ин техникаҳоро аз ҳисоби буҷаи давлат мехарем. Рӯзҳои наздик аз Туркия ҳавопаймои бесарнишини "Байрактар" оварда мешавад. Дар дунё танҳо 5 кишвар ин гуна силоҳ дорад, ки мо яке аз онҳо хоҳем шуд. Мутахассисони мо ҳоло дар онҷо истифодаи ҳавопаймои бесарнишинро меомӯзанд. Ҳамчунин мо аз Русия ҳавопаймои бесарнишини "Орлан-10Е" хоҳем харид. Барои ин аллакай аз буҷа пул ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, ки харидории таҷҳизоти низомӣ бо ҳадафи тақвияти нерӯҳои нерӯҳои марзбонӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ ва тақвияти марзҳои давлатӣ анҷом мешавад.

 

Барчасп