Судӯри муҷаввизи вуруд ба устодон ва донишҷӯёни тоҷик ба Қирғизистон
(last modified Sat, 06 Nov 2021 06:09:43 GMT )
Ноябр 06, 2021 11:09 Asia/Dushanbe
  • Судӯри муҷаввизи вуруд ба устодон ва донишҷӯёни тоҷик ба Қирғизистон

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон феҳристи афроде, ки иҷозаи убӯр аз Тоҷикистон ба ин кишварро доранд, мунташир кард.

Пас аз даргирҳои ахир байни Тоҷикистону Қирғизистон ва бар асоси дастури ҳайати вазирони Қирғизистон дар таърихи 21 майи 2021, тараддуди афроду васоили нақлия аз гузаргоҳҳои марзӣ то иттилои баъдӣ мутаваққиф шуд.

Пас аз гузашти чандмоҳ аз ин даргирҳо ҳамакнӯн давлати Қирғизистон дар ҳоли тасвиби муҷаввиз ба бархе афроди хос барои убӯри аз гузаргоҳҳо марзӣ шуд.

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон бар асоси ин муҷаввиз феҳристи афродеро мунташир кард, ки бар асоси он фақат шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки дар назар доранд ба таври доим ба ватани худ боз гирданд, метавонанд аз марзи Қирғизистону Тоҷикистон  убӯр кунанд.

Ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии Қирғизистон, Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ низ шомили ин қонӯн хоҳанд шуд.

Донишҷӯёни тоҷик низ иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро доранд.

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон хотирнишон кард, ки вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки Қирғизистон аз тариқи кишварҳои сеюм муҷоз нест.

Бештар бихонед: