Аҳамияти баргузории Конфронси байналмилалии Маҷмаи гуфтугуи Теҳрон чист?
Порс Тудей - Бо ҳузури ҳудӯди 200 меҳмон аз 53 кишвари ҷаҳон, Конфронси байналмилалии маҷмаи гуфтугуи Теҳрон дар ҳоли баргузорист.
Конфронси байналмилалии маҷмаи гуфтугуи Теҳрон, таҳти унвони «омиляти минтақаӣ дар назм ё беназмии ҷаҳонӣ» аз рӯзи якшанбе ба раёсати Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон ва бо ҳузури ҳудӯди 200 меҳмон аз 53 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла мақомоти аршади кишварҳои мухталиф оғоз шуд ва то рӯзи душанбе идома дорад.
Конфронси байналмилалии маҷмаи гуфтугуи Теҳрон
Ҳайате аз Созмони Милали Муттаҳид, ҳайатҳои хориҷӣ аз кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Англия, Олмон, мақомоте аз Аврупои Шарқӣ, Туркия, Арманистон, Ҳинд, Ҷопон, Чин, Русия, Арабистон, Ироқ ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс шомили вузарои хориҷа, намояндагони вижаи давлатҳо дар сатҳи вузаро, муовинон, тасмимсозон, шахсиятҳои барҷаста, суфаро, намояндаи дипломасӣ, соҳибназарони байналмилалӣ, аз ҷумлаи ширкаткунандагон дар Маҷмаи гуфтугуи Теҳрон ҳастанд.
Яке аз андешкдаҳои муътабару шинохта шуда дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар ин маҷмаъ ширкат мекунад, муассисаи "Агуаш" аст, ки дар ҳавзаи баҳсҳои мутолиоти марбут ба халъи силоҳ дар арсаи байналмилалӣ фаъолият дорад ва аз ҷиҳати иқдомоте, ки доранд ва иттилооте, ки тавлид мекунанд, бисёр шинохта шуда ҳастанд.
Охирин вазъияти Фаластин, муқовимат, сенарияҳои пеши рӯ, таҷовузоти режими саҳюнистӣ, назми навин дар Ғарби Осиё ва сохторҳои ҷойгузини низоми байналмилал, мавзуоте ҳастанд, ки дар ин конфронс дар бораи онҳо баҳсу гуфтугӯ хоҳад шуд.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон, Ничервон Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ ва Армен Григорян, дабири Шӯрои амнияти миллии Арманистон, ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи мақомоте ҳастанд, ки дар ин конфронс ширкат карданд.
Конфронси байналмилалии Маҷмаи гуфтугуи Теҳрон як рӯйдоди дипломатӣ ва фарҳангӣ аст, ки бо ҳадаф тақвияти гуфтугуи байни кишварҳо ва тамаддунҳои мухталиф, бавижа дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом, баргузор мешавад. Ин маҷмаъ ба унвони платформе барои табодули назар миёни кишварҳо ва фарҳангҳои мухталиф амал мекунад ва дар ростои коҳиши танишҳо ва афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ гом бармедорад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ин конфронс барои баёни мавозеъи худ дар заминаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ истифода мекунад ва дидгоҳҳо ва авлавиятҳои худ дар арсаи сиёсати хориҷиро дар масоили ҷаҳонӣ дар Маҷмаи гуфтугуи Теҳрон ироа медиҳад. Яке аз меҳварҳои аслии ин конфронс, таъкид бар ҳамбастагии ҷаҳони ислом дар муқобили чолишҳое монанди ифротигарӣ, таҳримҳо ва мудохилоти хориҷӣ аст.
Таҳаввулоти Ғарби Осиё, Фаластин, Яману равобити байни кишварҳои исломӣ дар ин конфронс мавриди баҳс қарор мегирад. Ин рӯйдод ба Эрон кумак мекунад то тасвири худро ба унвони ҳомии гуфтугуи байналмилалӣ ва сулҳ тақвият кунад ва дар муқобили таблиғоти манфии Ғарб мавзеъгирӣ дошта бошад.
Конфронси Маҷмаъи гуфтугуи Теҳрон нақши муҳимме дар дипломасии чандҷонибаи Эрон ифо мекунад ва ба унвони як роҳбурди дипломатӣ барои густариши равобити фарҳангӣ ва сиёсӣ бо дигар кишварҳо, бавижа дар ҷаҳони ислом, мавриди истифода қарор мегирад. Ин рӯйдод ҳамчунин нишондиҳандаи талоши Эрон барои ифои нақши раҳбарӣ дар тақриби дидгоҳҳои исломӣ ва муқобила бо сиёсатҳои тафриқаангез аст.
Баргузории ин конфронс ва истиқболи густардаи мақомоти минтақа ҳамчунин шахсиятҳои соҳибназар ва ниҳодҳои мустақили байналмилалӣ ҳоки аз ҷойгоҳи таъсиргузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст.
Баргузории ин рӯйдод нишон медиҳад, ки таблиғоти дурӯғпардозона ва ғайривоқеъии зидди эронии бунгоҳҳои таблиғотии Ғарб, бенатиҷа будааст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон камокон ба унвони кишваре таъсиргузору қобили эҳтиром дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.
Конфронси Маҷмаи гуфтугуи Теҳрон, ҳамчунин аҳамияти ҷойгоҳи Эронро ба унвони пули иртиботӣ ва дипломатӣ дар минтақа тасбит мекунад ва тазминкунандаи рӯйкарди муваффақиятомези сиёсати хориҷии Эрон барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа хоҳад буд.