Корбарони “Х”: Ғарб дастовардҳои занони эрониро сензура мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122792-Корбарони_Х_Ғарб_дастовардҳои_занони_эрониро_сензура_мекунад
Порс Тудей - Корбарони хориҷӣ дар Х муътақиданд, ки Ғарб дастовардҳои занони эрониро сензур мекунад.
(last modified 2025-11-08T05:15:35+00:00 )
Ноябр 08, 2025 10:08 Asia/Dushanbe
  • Корбарони “Х”: Ғарб дастовардҳои занони эрониро сензура мекунад

Порс Тудей - Корбарони хориҷӣ дар Х муътақиданд, ки Ғарб дастовардҳои занони эрониро сензур мекунад.

Сафҳае дар Х бо интишори видеое аз пирӯзиҳои занону духтарони эронӣ дар маёдини варзишӣ навишт: «Занони варзишкори эронӣ дар ҳоли таърихсозӣ ҳастанд, аммо ин бо ривояти ғарбиҳо ҷур дарнамеояд, на? ». Суоле, ки бо посухҳои ҷолибе аз сӯи корбарони хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Форс, фаъолони ғайриэронӣ дар фазои Х мегӯянд, ки расонаҳои ғарбӣ танҳо дар сӯрате занони эрониро шоду хушҳолу озод тавсиф мекунанд, ки «бараҳна» бошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар солҳои ахир духтарону занони эронӣ дар маёдини мухталифи рақобатӣ, аз ҷумла варзишӣ ба муваффақиятҳои қобили таваҷҷӯҳе расидаанд, ки дар ин ҷо танҳо ба теъдоди маҳдӯдӣ аз он ишора мешавад: дар рақобатҳои «World Para Powerlifting Rookie & Next Gen Championships 2025» дар Қоҳира, Отия Содоти Ҳусайнӣ дар дастаи занон то 61 килограм аввалин тиллои таърихи занони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии маълулонро ба даст овард ва қаҳрамон шуд.

Тими духтарони Эрон дар «Asian Youth Games 2025» дар Баҳрайн, дар беш аз як риштаи тимӣ (мисли футсол, ҳандбол, волейбол) медоли тилло гирифтанд, ки ба унвони намуна метавон ба касби унвони қаҳрамонӣ дар риштаи ҳандбол бо пирӯзии 43 - 26 муқобили Ҳинд ишора кард.

Ҳамчунин тими миллии волейболи бонувони Эрон дар «CAVA Women’sи Volleyball Championship 2025» дар Тошканд, барои нахустинбор медоли тилло гирифт ва дар «Kazanof International Athletics Cup 34th» дар Қазоқистон, Ҳамида Исмоилнажод тиллои 100 метрро бо замони 11.79 сония касб кард.

Дар идома теъдоде аз изҳороти корбарон дар ин бора омадааст:

Image Caption

Пас чӣ тавр метавонанд ба дунё биқабулонанд, ки занони эронӣ таҳти ситам ҳастанд? Бараҳна будан ба маънои озодӣ нест.

Image Caption

Барои инки ғарбиҳо озодии занонро дар бараҳнагӣ медонанд . . . Ба ҳамин далел аст, ки (муваффақияти занони эрониро ривоят намекунанд).

Image Caption

Ҳаргиз (маълум аст, ки ин пирӯзиҳо бо ривояти ғарбиҳо ҷур дарнамеояд). Ғарб танҳо замоне занони эрониро муваффақ тавсиф мекунад, ки онҳо либост кӯтоҳ бапушанд ва волейболи соҳилӣ, бозӣ кунанд.