Эрон бо “Симурғ“ вориди бошгоҳи созандагони ҳавопаймои мусофирбарӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122806-Эрон_бо_Симурғ_вориди_бошгоҳи_созандагони_ҳавопаймои_мусофирбарӣ_шуд
Порси тудей - Созмони ҳавопаймойии кишварии Эрон бо эъломи мушаххасоти ниҳоӣ ва оғози озмоишҳои парвозии ҳавопаймои миллии “ Симурғ “ , аз вуруди расмии Эрон ба ҷамъи кишварҳои тарроҳу созандаи ҳавопаймоҳо хабар дод .
(last modified 2025-11-08T07:32:38+00:00 )
Ноябр 08, 2025 12:29 Asia/Dushanbe
  •  Ҳавопаймои миллии “ Симурғ “
    Ҳавопаймои миллии “ Симурғ “

Порси тудей - Созмони ҳавопаймойии кишварии Эрон бо эъломи мушаххасоти ниҳоӣ ва оғози озмоишҳои парвозии ҳавопаймои миллии “ Симурғ “ , аз вуруди расмии Эрон ба ҷамъи кишварҳои тарроҳу созандаи ҳавопаймоҳо хабар дод .

Созмони ҳавопаймойии кишварии Эрон эълом кард “ Симурғ “ вориди марҳалаи озмоишҳои парвозӣ шуда ва бархе қитъаҳои мотори он низ дар ҳоли тавлид аст.
Ин ҳавопаймо, ки ҳосили 15 сол талоши мутахассисони дохилӣ дар ширкати  Ҳусо “аст , Эронро ба ҷамъи андак кишварҳои созандаи ҳавопаймои мусофирбарӣ ворид мекунад .
Ба гуфтаи Муҳаммадризо Воқифиманиш-мудири кулли дафтари тарроҳии васоили парандаи Созмони ҳавопаймойии Эрон , Симурғ бар пояи АН 140 тарроҳӣ шуда, аммо дорои дум ва баданаи комилан бумӣ аст ва метавонад то 6 тон борро дар масофати 3900 километр кашонад.