Созмони Милал : Сиёсатҳои Исроил фаластиниёнро ба кӯчи иҷборӣ мекашонад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122808-Созмони_Милал_Сиёсатҳои_Исроил_фаластиниёнро_ба_кӯчи_иҷборӣ_мекашонад
Порс тудей - Сухангӯи Комисариёии олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳушдор дод, ки сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ , бо тахриби манозил ва даст задан ба хушунат , фаластиниёнро ба тарки хонаҳояшон ва кӯчи иҷборӣ водор мекунад.
(last modified 2025-11-08T07:43:55+00:00 )
Ноябр 08, 2025 12:40 Asia/Dushanbe
  •   Сиёсатҳои Исроил дар Каронаи бохтарӣ барои кӯчи иҷбории фаластиниён
    Сиёсатҳои Исроил дар Каронаи бохтарӣ барои кӯчи иҷбории фаластиниён

Порс тудей - Сухангӯи Комисариёии олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳушдор дод, ки сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ , бо тахриби манозил ва даст задан ба хушунат , фаластиниёнро ба тарки хонаҳояшон ва кӯчи иҷборӣ водор мекунад.

Сайфи Могонгу-сухангӯии Комисариёии олии ҳуқуқи башари Созмони Милал , эълом кард, ки сиёсатҳои майдонӣ ва сохтории Исроил дар Каронаи бохтарӣ ба таври низомманд шароити қаҳрӣ эҷод мекунад, ки фаластиниёнро ба кӯчи иҷборӣ водор мекунад ва поймолсозии ошкори қонунҳо байналмилалӣ аст.
Аз ибтидои 2025 то кунӯн 1 395 бино тахриб ва беш аз  ҳазор фаластинӣ шаҳид шудаанд. Созмони Милал хостори фишори байналмилалӣ бар Исроил барои таваққуфи хушунату тахрибҳост. Иқдоми мушобеҳӣ низ аз сӯи 104 узви Конгресси Амрико барои таваққуфи тахриби манзилҳо дар рӯстоиУммулхайр “ анҷом шудааст.