Корбарони “Х”: Оташбас дар Лубнон, як намоиши расонаӣ барои Исроил аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122796-Корбарони_Х_Оташбас_дар_Лубнон_як_намоиши_расонаӣ_барои_Исроил_аст
Порс Тудей- Дар ҳоле, ки расонаҳои ғарбӣ аз оташбас дар Лубнон сухан мегӯянд, ҳамалоти ҳавоии Исроил ба манотиқи маскӯнии ҷануби Лубнон бори дигар нишон дод, ки ин режим ба ҳеҷ тавофуқе пойбанд нест.
(last modified 2025-11-08T06:28:02+00:00 )
Ноябр 08, 2025 11:16 Asia/Dushanbe
  • Корбарони “Х”: Оташбас дар Лубнон, як намоиши расонаӣ барои Исроил аст

Порс Тудей- Дар ҳоле, ки расонаҳои ғарбӣ аз оташбас дар Лубнон сухан мегӯянд, ҳамалоти ҳавоии Исроил ба манотиқи маскӯнии ҷануби Лубнон бори дигар нишон дод, ки ин режим ба ҳеҷ тавофуқе пойбанд нест.

Шаҳракҳои «Ал Табия» ва «Тирдбо» бомдоди ҷумъа ҳадафи ҳамалоти сангини паҳподӣ ва ҷангандаҳои исроилӣ қарор гирифтааст, ин дар ҳоле аст, ки тайи моҳҳои ахир Ғарб ва расонаҳои вобаста ба он аз оташбас дар Лубнон ҳарф мезананд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Форс, фаъолон дар Х бо интишори тасовиру филмҳое аз бомбаборони манотиқи маскӯнии Лубнон, тавассути артиши Исроил таъкид мекунанд, «эътимоди давлати Лубнон ба оташбаси матраҳ шуда аз сӯи Амрико ва Исроил барои лубнониҳо натиҷабахш набудааст.»

Бисёре аз корбарон зимни маҳкӯм кардани нақзи оташбас аз сӯи Исроил, ҳаққи посуху иқдоми мутақобил аз сӯи Лубнон алайҳи Исроилро маҳфӯз донистанд. Фаъолони фазои маҷозӣ бо киноя аз давлати Лубнон хостаанд то ба сукуту инфиъол дар баробари саҳюнистҳо поён дода ва аз ҳаққи мардуми худ дифо кунад.

Дар идома теъдоде аз назароти корбарон дар ин бора омадааст:

Режими ҷинояткор (Исроил) ҳатто як рӯз ҳам оташбасро риоят накарду ҳамаи инҳо як намоиши расонаӣ буд
Ва дар ҳоле онҳо ин корро анҷом медиҳанд, ки ҳушдор додаанд, ки агар Ҳизбуллоҳ талофӣ кунад, авзоъ бадтар хоҳад шуд

 

Пас артиши Лубнон куҷост?
Ин давлатҳои ғарбӣ ҳастанд на шаҳрвандони ғарбӣ (ки аз Исроил ҳимоят мекунанд), мо намехоҳем, ки пули молиётамон сарфи бомбаборони Ғазза ё Лубнон шавад
Лубнон ҳақ дорад аз худаш дифо кунад
(киноя ба номуваффақ будани оташбас) ман намефаҳмам чаро ба @POTUS (раисиҷумҳури Амрико) Ҷоизаи сулҳи Нобел барои музокира дар мавриди ин оташбас бисёр муваффақ эъто нашудааст
Онҳо тамоми талоши худро мекунанд то Ҳизбуллоҳро ба ҷанг таҳрик кунанд то аз ин роҳ таваҷҷуҳотро аз Ғазза мунҳариф кунанд

Акнӯн мусаллам аст, ки саҳюнистҳо ҳаргиз ба оташбас пойбанд нахоҳанд буд ва хоинини дохили Лубнон, ки бо пули ДИИШ ва ҳаводорони саҳюнистҳо зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ коре барои дифо аз мардуми Лубнон анҷом нахоҳанд дод