Пахши зиндаи наслкушӣ аз Ғазза, Ал Фошир ва масъулияти тамошогарон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122798-Пахши_зиндаи_наслкушӣ_аз_Ғазза_Ал_Фошир_ва_масъулияти_тамошогарон
Порс Тудей - Дар ҳоле, ки ниҳодҳои байналмилалӣ наслкушӣ дар Ғазза ва қаҳтии қасдона дар Ал-Фошири Судонро таъйид кардаанд, идомаи ҳимояти сиёсӣ ва низомии бархе кишварҳо, пурсишҳои ҷиддие дар бораи ҳамдастии ҳуқуқӣ дар ҷиноятҳои ҷангӣ матраҳ мекунад.
(last modified 2025-11-08T06:26:41+00:00 )
Ноябр 08, 2025 11:24 Asia/Dushanbe
  • Пахши зиндаи наслкушӣ аз Ғазза, Ал Фошир ва масъулияти тамошогарон

Порс Тудей - Дар ҳоле, ки ниҳодҳои байналмилалӣ наслкушӣ дар Ғазза ва қаҳтии қасдона дар Ал-Фошири Судонро таъйид кардаанд, идомаи ҳимояти сиёсӣ ва низомии бархе кишварҳо, пурсишҳои ҷиддие дар бораи ҳамдастии ҳуқуқӣ дар ҷиноятҳои ҷангӣ матраҳ мекунад.

«Middle East Monitor» ба тозагӣ дар матлабе ба қалами Татяна Суворов навишт: Дар дунёи имрӯз, ҳеҷ чиз пинҳон намемонад. Тасвирҳои вайрониҳо аз тариқи паҳподҳо, моҳвораҳо ва телефонҳои ҳамроҳ, лаҳза ба лаҳза ба мо мерасанд. Ғазза ва Ал-Фоширро ба сурати зинда мебинем, аммо ҳарчӣ бештар мебинем, камтар вокуниш нишон медиҳем.

Ба гузориши Pars Today, Дидие Фассен дар китоби «Ақли башардӯстона» гуфта буд, ки ҳамдилии муосир аксаран ба як намоиш табдил мешавад; эҳсосе, ки ба ҷои адолат, фақат таарруҳум тавлид мекунад. Имрӯз ин ҳарф беш аз ҳар замони дигаре дуруст ба назар мерасад; таарруҳум ҷорӣ мешавад, аммо посухгӯӣ мутаваққиф мемонад.

Давлатҳо ба ҷои таваққуфи хушунат, онро бо ривоятҳои сиёсӣ мудирият мекунанд. Қурбониёнро мутаҷовиз ҷилва медиҳанд ва омилони султаро қурбонӣ. Бо ин ворунасозӣ, таърихи ишғол ва муҳосира пок мешавад ва зулми сохторӣ ба як «даргирии лаҳзаӣ» тақлил меёбад. Таситус қарнҳо пеш гуфта буд, ки инсонҳо гоҳе аз қурбониён безор мешаванд. Имрӯз ҳам ҳамин мантиқ идома дорад; давлатҳо бо ғайриинсонӣ ҷилва додани қурбониён, хушунатро тавҷеҳ мекунанд.

Ғаззаро наметавон фаромӯш кард. То 5 ноябри 2025, беш аз 68 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва 170 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ эълом карда, ки иқдомоти Исроил ба таври қобили қабул ноқизи Конвенсияи наслкушӣ аст. Гузоришҳои Созмони Милал аз гуруснагӣ, масдуд шудани кумакҳо ва ҳамла ба бемористонҳо хабар медиҳанд. Пурӯжаи Донишгоҳи Браун низ натиҷа гирифта, ки амалиёти Исроил «шароити носозгор бо бақо» эҷод кардааст. Ҳатто сукут пас аз оташбас ҳам нишонае аз нобудии систематики Ғазза аст.

Дар Ал-Фошир, шимоли Дорфури Судон, вазъияти мушобеҳе дар ҷараён аст. Қаҳтии шадид, гӯрҳои ҷамъӣ ва куштори беш аз 2000 ғайринизомӣ дар як ҳафта, ҳамагӣ тавассути манобеи муътабар таъйид шудаанд. Созмони Милал қаҳтии марҳалаи 5-ро эълом карда ва шавоҳид нишон медиҳад гуруснагӣ ба таври қасдона эъмол шуда, ки тибқи қавонини байналмилалӣ ҷинояти ҷангӣ талаққӣ мешавад, аммо Шӯрои Амният ба далели ветоҳо фалаҷ шуда ва Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳанӯз иқдоме накардааст.

Наслкушӣ фақат куштор нест. Тибқи моддаи аввали Конвенсияи наслкушӣ, кишварҳо муваззафанд аз вуқӯи он ҷилавгирӣ кунанд. Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар парвандаи Босния алайҳи Сербистон таъкид карда, ки ин вазифа аз лаҳзае, ки хатар шинохта мешавад, оғоз мегардад. Дар мавриди Ғазза, ин хатар на танҳо шинохта шуд, балки ба сурати зинда тавассути ҳамаи мо дида ва сабт шуд. Бинобарин, кишварҳое, ки ҳамчунон ба ирсоли силоҳ ё ҳимояти сиёсӣ аз омилони наслкушӣ идома медиҳанд, тибқи қавонини байналмилалӣ дар ин ҷиноят шариканд.

Қонун ҳам нобаробар шудааст. «Нобаробарии ҷонҳо» яъне адолат фақат барои заифон иҷро мешавад ва барои қудратмандон ба таъхир меафтад. Ҳам Ғазза ва ҳам Ал-Фошир нишон медиҳанд, ки адолат бар асоси маслиҳати сиёсӣ ҷирабандӣ мешавад.

Эҳсосоти инсонӣ, агар сохтор надошта бошанд, ба танҳоӣ кофӣ нестанд. Ҳамдилӣ бидуни иқдом, ба «сиёсати қалб бидуни сиёсати адолат» табдил мешавад. Ҳукми Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар бораи Ғазза ва ҳушдорҳои Созмони Милал дар бораи Судон нишон додаанд, ки кишварҳо чӣ бояд бикунанд. Ончи ҳанӯз кам аст, иродаи анҷом додан аст.

Агар посухгӯӣ воқеан муҳим буд, бояд бо таваққуфи интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низоратӣ ба давлатҳои муттаҳам ба наслкушӣ оғоз мешуд. Бояд аз таҳқиқоти мустақил ҳимоят мешуд ва ҷуброни хисоротҳо ба гунае анҷом мегирифт, ки қурбониёнро аз вобастагӣ хориҷ ва ба омилият бозгардонад. Муҳимтар аз ҳама, бояд стандартҳои яксоне дар ҳама ҷо эъмол мешуд.

Дар ниҳоят, бояд ба як асли сода бозгардем: дидан бояд ба амал мунҷар шавад. Агар фақат тамошо кунем ва коре накунем, сукути мо ба маънои таъйиди хушунат хоҳад буд. Шоҳид будан бояд ба посухгӯӣ табдил шавад, дониш бояд ба пешгирӣ мунҷар шавад ва пешгирӣ бояд ба адолат хатм шавад. Сукут дигар бегуноҳ нест.