Теъдоди паҳподҳои мунҳадимшудаи душман ба 125 расид
-
Паҳподи Ҳермес
Порс Тудей- равобитумумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз инҳидоми ду паҳподи дигари душман дар осмони Теҳрон ва Караҷ хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей равобитумумии Сипоҳи посдорони инқилоби исолмӣ эълом кард: Як фарванд паҳподи Эрбитер шомгоҳи чаҳоршанбе дар осмони Теҳрон ва як фарванд паҳподи пешрафтаи Ҳерун дар осмони Назарободи Караҷ дар ҳоле, ки ҳарду мусаллаҳ буданд пеш аз анҷоми амалиёт ва як мушаки Куруз дар Куҳини Қазвин тавассути сомонаи навини падофанди пешрафтаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ раҳгири ва мунҳадим шуданд.
Бар асоси эъломи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо инҳидоми ду фарванд паҳподи фавқ теъдоди паҳподҳои мунҳадимшудаи душман дар ҷанги Рамазон ба 125 расид.