Ноябр 26, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Тадриси пинҳонии муаллимони зан барои духтарон дар Афғонистон

Муаллимони зан дар Афғонистон ба дунболи мамнуияти таҳсили духтарон дар ин кишвар аз тарафи Толибон, ба сурати пинҳонӣ тадрис мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории «Шафақно» - и Афғонистон ба нақл аз рӯзномаи «Ҳашти Субҳ»- Кобул, ин муаллимон дар мухолифат бо иқдоми давлати Толибон дар Афғонистон мабнӣ бар бастани мадориси духтарона, заминаи омӯзиши духтарон дар маконҳои махфиро фароҳам кардаанд.

Ин муаллимон эълом карданд, пас аз иҷоза наёфтани духтарон барои рафтан ба мадорис аз сӯи Толибон, тасмим гирифтаанд, ки донишомӯзони духтарро ба гунаи пинҳонӣ омӯзиш диҳанд.

Беш аз се моҳ аст, ки писарон ва муаллимони марди афғон ба мактаб мераванд, аммо духтарони болотар аз пояи шашум ва занони муаллим хонанишин шудаанд.

Баста мондани мактаб ва духтаронаи болотар аз синфи шашум, бо мавҷи интиқодот дар дохил ва хориҷи Афғонистон мувоҷеҳ шудааст.

Ҳарчанд давлати муваққати Толибон дар Афғонистон борҳо ваъда додааст, ки мактабҳои духтаронаро бозкушоӣ кунад, аммо то кунун ба ин ваъда амал накардааст.

Гурӯҳи Толибон, ки аз 15 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтааст, талош мекунад ба мардуми ин кишвар ва ҷомеаи байналмилал дар бораи риояти ҳуқуқи занон итминони хотир бидиҳад, аммо то кунун амалӣ  накардааст.

 

Бештар бихонед: 

 

Барчасп