Ҷабборов: Дахолати давлат дар раванди интихобот собит шавад, истеъфо медиҳам
(last modified Wed, 08 Dec 2021 12:24:19 GMT )
Декабр 08, 2021 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ҷабборов: Дахолати давлат дар раванди интихобот собит шавад, истеъфо медиҳам

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон таъкид кард, агар исбот шавад, ки давлат дар интихобот дахолат доштааст, истеъфо мекунад.

Дар пайи норизоятиҳои бархе аҳзоб пас аз интихобот, Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон таъкид кард, агар исбот шавад, ки давлат бар ҷараёни интихобот дахолате дошт, омодаи истеъфо аст.

Вай идома дод, суханони бархе аз сиёсатмадорон дар хусуси ин ки орои онҳо дуздида шудаву орои онҳо дар шаби баъд аз интихобот тағйир кардааст, бемаврид аст.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо ишора ба ин ки имрӯз ҷомеа аз ҳар тақаллубе огоҳ мешавад, гуфт: Агар аъзои комиссияи интихобот шикоят кунанд, ки давлат бар онҳо фишор овардаву раъйҳоро дуздидааст, ман истеъфо хоҳам дод.

Пас аз интихобот мавқеи шумориши худкори орои сандуқ, мушкили фаннӣ пеш омад, ки баъд аз он теъдоди раъйҳо тағйир кардааст.

Ин амр сабаби норизоятии бархе аҳзоб шудаву иддао карданд, ки давлат дар шумориши оро дахолат кардааст.