Афзиши мизони бекорӣ дар Қирғизистон
Теъдоди бекорон дар Қирғизистон дар нимаи аввали соли 2021 ба 104.8 ҳазор нафар расид.
Ба гузориши хабарагузории "Форс", теъдоди бекороне, ки дар ҷустуҷӯи кор дар Созмони корёбии давлати Қирғизистон сабтином кардаанд, то нимаи аввали соли 2021 ба 104.8 ҳазор нафар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар соли 2020, 4.6 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, яке аз далелҳои аслии афзоиши теъдоди бекорони сабтшудаи расмӣ дар муқоиса бо соли гузашта, ҳамагирии вируси корона эълом шудааст.
Вазорати кор, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон ҳамчунин афзоиши мизони бекориро бо афзоиши теъдоди муҳоҷирони коргарӣ, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба ин кишвар бозгаштанд, муртабит медонад.