Эъзоми маҷрӯҳони инфиҷори террористии Ҳироти Афғонистон ба Эрон
(last modified Sun, 23 Jan 2022 05:12:09 GMT )
Январ 23, 2022 10:12 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми маҷрӯҳони инфиҷори террористии Ҳироти Афғонистон ба Эрон

Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳироти Афғонистон аз эъзоми маҷрӯҳони инфиҷори террористии ин шаҳр ба Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Муҳаммади Сиддиқифар-сарконсули Эрон дар Ҳирот гуфт : Панҷ нафар аз маҷрӯҳони ҳодисаи террористии Ҳирот бо шаш ҳамроҳи бемор ба Ҷумҳурии исломии Эрон барои дармон фиристода шуданд .
Бар асари инфиҷори ( шанбе ) бомбаи магнитӣ дар масири ҳаракати як худрави мусофирбарӣ дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Аббоси вилояти Ҳирот, дар ғарби Афғонистон чанд ғайринизомӣ куштаву захмӣ шуданд .
Бо вуҷуди гузашти панҷ моҳ аз тасаллути Толибон бар Афғонистон ҳамчунон манотиқи мухталифи ин кишвар шоҳиди ҳаводиси хунбори амниятӣ аст .
То кунун касе ё гуруҳе масъӯлияти инфиҷори террористии Ҳиротро бар уҳда нагирифтааст .